Ба боло

foto1 foto2 foto3 foto4 foto5

Ҳазар аз “соҳибватан”-они беватан

            Чанде пеш тариқи расонаҳои иттилоотии кишвар суҳбати хабарнигори АМИТ «Ховар», бо як тан ҷавонмарди тоҷик Собиршо Ҳасанов, ки қурбонии навбатии хиёнату дасисаҳои гурӯҳҳои хиёнаткору ифротии ТЭТ ҲНИТ ва «Гурӯҳи 24» шудааст, интишор шуд. Дардовар он буд, ки Собиршо худаш танҳо не, балки бо оилааш ҳамсару фарзандонаш зери азобу шиканҷаи чанд тан ноҷавонмардони аъзои гурӯҳҳои ифротии номбаршуда қарор гирифтанд. Вақте ки ин матлабро мехондам, аз аввал чандон чизи нав нанамуд. Чунки мусоҳибаи журналист бо Собиршо Ҳасанов низ бароям маълумотеро медод, ки қаблан барои аксарият маълум буд. Яъне ҳамон роҳҳои ҷалб кардану гумроҳ сохтани гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар амалҳои ноҷавонмардонаву беинсофонаи афроди ҷиноятпешаи ин гурӯҳҳо.

        Аммо вақте мутолиа кардам, ки чӣ гуна гурӯҳе аз «ҷавонони тоҷик», ки муқими давлати Туркия мебошанд ва аз мухлисону ҳаводорон ва аъзои «Гурӯҳи 24» ва ТЭТ «ҲНИТ» будаанд (ибораи Собиршо Ҳасанов, ки аз номи Саъдӣ-узви «Гурӯҳи 24» гуфтааст.), бо олоти оҳанин (арматур)-у чӯбин (калтак) ва кордҳо омада, Собиршоро зери лату кӯб қарор додаанд, натавонистам, ки худро ба даст гирам. Беихтиёр оби чашмонамон равон шуд. Чаро равон нашавад? Равон мешавад! Зеро ман як фарди тоҷикам, як Тоҷикистониям! Барои ҳар нафар тоҷик ва Тоҷикистонӣ дилам месӯзад. Қалбам пораву ҷигарам чок шуд, ки бародари тоҷикам ба азобу шиканҷаи ин инсонҳои даррандасифат гирифтор шудааст. Ончунон оташи нафратам боло гирифт, ки мехостам, ҳар ҳарфе дар ҳаққи ин афроди ҷинояткор бигӯям. Аммо ман ва ҳар фарди тоҷикистонӣ аз ин одамсуратони ноодам фарқ дорем. Мо бадзабон нестем. Мо бераҳм нестем. Мо беимону бевиҷдону беинсофу... нестем! Мо қалби пур аз меҳру муҳаббат пур аз ишқу вафо дорем. Мо виҷдону инсоф дорем. Аммо ин афрод ин чизҳоро надоштаанд.

        Барои ин «тоҷик»-ҳое, ки чунин амалҳои зиштро анҷом медиҳанд ва боз дар ҳаққи бародарону хоҳарони ҳамватани худ, ҳеҷ дилам намесӯзад. Намехоҳам, ки тоҷикашон гӯям, намехоҳам, ки тоҷикистонияшон гӯям. Зеро тоҷик нангу номус ва шаъну шараф, виҷдон, инсоф дорад. Аммо дар ниҳоди ин гурӯҳ одамон чунин муқаддасот заррае ҳам вуҷуд надоранд. Онҳо «соҳибватанон»-и беватананд!     

       Ин гурӯҳҳо ва аъзои он ҳамеша иддаои онро мекунанд, ки «соҳибони аслии Ватан» ҳастанд. Аммо як суол! Кадом соҳиб ба Ватани худ ва ба ҳар чизи дигаре, ки худро соҳиби он медонад, чунин бераҳмӣ ва беинсофӣ ё хиёнат мекунад? Дар баромадҳои худ мегӯянд, ки «ҳамватанони азиз…» «бародарону хоҳарони гиромии тоҷик…» ва ҳар гунае, ки мехоҳанд, хитоб мекунанд ба омма тариқи расонаҳои иттилоотии интернетӣ. Акнун саволи дигар: кадом ҳамватан ба ҳамватани худ бадӣ мехоҳад ва ба ӯ зиён мерасонад? Кадом бародар ва ё хоҳар ба бародару хоҳари худ чунин рафтори разилонаву ғайриахлоқиву ғайриинсонӣ анҷом медиҳад? Акнун, шумо ноҷавонмардони ватанбезору миллатбезор, бигӯед, ки ин амалҳои наҳсу шуми шумо ба кадом меъёрҳои ахлоқиву динӣ рост меояд?

       Бояд барои ҳар як кадоматон бигӯям, ки шумо ҳаргиз наметавонед, тинҷиву осоиштагӣ ва амнияти ин Ватан, ин миллати шарафмандро халалдор созед! Дасти шумо кӯтоҳ аст! Шумо хиёнаткоред! Хиёнаткор ба Ватан, ба миллат ва ҳатто ба кулли башарият! Шуморо инсоният намебахшад! Ҳеҷ гоҳ! Инро бояд донед ва ҳаргиз фаромуш накунед!

 Суннатулло Эмомов ва Ибодуллозода Далер, донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики ДДҚ ба номи Носири Хусрав

2018 KTSU