Ба боло

foto1 foto2 foto3 foto4 foto5

АМНИЯТ ВА БАҚОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

 Аз ҷумлаи масоили асосие, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат, Пешвои муътабари миллат қайд гардид, таъкиди нооромии вазъи сиёсии ҷаҳони муосир буд. Дар ҳақиқат, масъалаи мазкур на танҳо огоҳмардони кишвари моро, балки тамоми мардуми ҳушманди дунёро ба ташвиш овардааст, чунки асоси тамоми комёбиву муваффақиятҳо, таҳаввули илму техника, рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни саноат ва хоҷагии қишлоқ ва дар маҷмӯъ, фароҳамсозии зиндагии ободу осуда ва хушу хурсандонаи мардум ба амният ва осоиштагӣ вобастагии қавӣ дорад. Тавре Сарвари мамлакат таъкид карданд, аз ҷумлаи мамолики гуногуни дунё буданд давлатҳое, ки саноати баландпоя ва иқтисодиёти пешрафта доштанд ва шароити зиндагии мардуми касбу кори мухталифи ин мамлакатҳо хеле хуб буд. Вале бар асари нооромиҳои сиёсие, ки дар ин мавзеъҳо сар зад, дар як муддати хеле кӯтоҳ ин давлатҳо ба давлатҳои қашшоқу нодор мубаддал гардиданд ва зиндагии осудаи мардум аз миён рафт. Тамоми муваффақияту комёбиҳое, ки дар натиҷаи меҳнату заҳмати чандинсола ба даст омада буд, мардум онҳоро дар кӯтоҳтарин муҳлат аз даст доданд. Ҳамин аст оқибати ҳама ҷангу нооромиҳо, финали дилхоҳ муборизаи сиёсӣ.

Шояд суоле ба миён ояд, ки нооромиҳои сиёсии мамолики дигар ба кишвари азизи мо чӣ рабте дошта метавонанд ва чаро мо барои ин ҳаводиси нохуши ба сари дигарон омада ташвиш кашем? Маълум аст, ки ин гуна саволҳоро танҳо шахсони ниҳоят фориѓболу бепарво ва нодону ҷоҳил дода метавонанд. Тамоми ҷамъияти инсонӣ ва тамоми мамлакатҳои дунё бидуни ихтиёри мову шумо ба ҳамдигар вобаста ва тақдирпайванданд. Ба ҳамин хотир, дилхоҳ нооромие, ки дар дигар мамолик сар мезанад, ба ҳаёти дохилии кишвари мо низ бетаъсир намемонад ва то ягон андоза нооромии моро низ халалдор мекунад. Тавре ки Саъдии бузургвор таъкид кардааст:

 Бани одам чу узви як пайкаранд,

Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту к-аз меҳнати дигарон беѓамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

      Бо назардошти ҳамин ҷаҳонбинии ҳакимонаи ниёгони худ, мо низ барои дарду ғами мардуми сайёра ба ташвиш меафтем, бо ягон роҳ мехоҳем, ки дар барқарории сулҳу суботи ин манотиқ ҳиссагузор бошем ва ба ҳамин васила зиндагии орому осудаи худро низ таъмин намоем.

       Имрӯз, дар ҳақиқат, зиндагии мардуми мо рӯ ба беҳбудӣ дорад ва кишвари азизи мо на танҳо сол то сол, балки рӯз то рӯз ободтару зеботар ва аз ҷиҳати иқтисодӣ устувортар гашта истодааст. Дар зарфи каме зиёдтар аз ду даҳсолаи замони Истиқлолият Тоҷикистон аз як ҷумҳурии ҷангзада ва вайрону валангор ба як давлати рӯ ба инкишоф ва мунтазам рушдкунанда мубаддал шуд.  Ҷумҳурие, ки ҳангоми парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун фарзанди угай чизе аз мероси бениҳоят зиёди ин давлаи абарқудрат насибаш нагардид, тавонист, ки дар замони соҳибистиқлолии худ туфайли ақлу хирад ва устувориву матонати Сарвари хирадманди худ – Президенти кишвар, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи хушку холие аз нав бунёд шавад, рушд ёбад ва дар як муддати кӯтоҳ ба давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ки садҳо давлати дигари дунё онро эътироф ва ҷонибдорӣ мекунанд, табдил ёбад.

        Имрӯз мо-фарзандони ин ватани ободу биҳиштосо бояд бо ниҳояти шукргузориву арҷгузорӣ ба ин неъмати худовандӣ, яъне тинҷиву осудагӣ ва сулҳу ваҳдат, беш аз пеш дар таҳкими сулҳу амният саҳмгузор бошем, дар тарбияи насли ҷавони кишвари худ масъулияти хеле ҷиддиеро эҳсос намоем ва кӯшиш кунем, ки ҷавонони саодатманди кишвари мо ҳамеша оқилу ҳушёр бошанд ва ба иѓвои нокасону хоинони ватан науфтанд. Бо дарки ҳамин масъулият ва иҷрои ҳамин вазифаи ҷонии худ мо метавонем, ки дар барқарории сулҳу суботи Тоҷикистони азизи худ ва беҳрӯзгориву шодкомии пайвандони худ ҳиссагузор бошем.

  Аҳмадов Сафармад – н.и.ф., мудири кафедраи адабиёти тоҷики ДДҚ ба номи Носири Хусрав   

2018 KTSU