Ба боло

foto1 foto2 foto3 foto4 foto5

Қисми таълим яке аз рукнҳои муҳим ва хеле зарурию ба танзимдарорандаи раванди таҳсилоти донишгоҳ маҳсуб мегардад. Он аз рӯзҳои нахустини таъсиси донишгоҳ арзи вуҷуд кардааст. Вақте ки донишгоҳ ҳамчун филиали дар шаҳри Қӯрғонтеппа будаи Донишкадаи давлати омӯзгории ш.Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко фаъолият мекард, қисми таълим, илм ва тарбия дар якҷоягӣ арзи вуҷуд доштанд. Бо мурури замон ва зиёд шудани шумораи донишҷӯён, факултаҳо ва ихтисосҳо шуъбаҳои илм ва тарбия дар алоҳидагӣ фаъолияти (самти) худро ба роҳ монданд. Дар ҳамон вақт ба сохтори қисми таълим танҳо шуъбаи таълим дохил мешуд, ки дигар зерсохторҳо, ба монанди таҷрибаи омӯзгорӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон ба он шомил буданд. Имрӯз бошад дар сохтори қисми таълим 7 шуъба фаъолият менамоянд, ки инҳо мебошанд:

-Раёсати таҳсилот;
-шуъбаи бақайдгирии низоми таҳсилоти кредитӣ;
-шуъбаи назорати сатҳи сифати таҳсилот;
-шуъбаи ғоибона;
-маркази тестӣ;
-шуъбаи тайёрӣ;
-шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахасисони ҷавон.  

Раёсати таҳсилот дар сохтори қисми таълим бо фармони № 40в -ФА аз 8 сентябри соли 2009 таъсис дода шудааст.

Раёсати таҳсилот дар навбати худ шуъбаҳои зеринро муттаҳид менамояд:
         
-шуъбаи бақайдгирии низоми таҳсилоти кредитӣ;
-шуъбаи назорати сатҳи сифати  таҳсилот;
-маркази тестӣ;
-шуъбаи ғоибона;
-шуъбаи тайёрӣ;
-шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахасисони ҷавон.

Айни замон доираи фаъолияти кори Раёсати таҳсилот васеъ гардида, ҳайати он аз сардор, ҷонишини сардор, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ, мутахассиси соҳаи иттилоотӣ ва оморӣ, мутахассис ва оператор иборат мебошад.
          
Ҳайати кормандони Раёсати таҳсилот тибқи нақшаи кории ҷомеи донишгоҳ фаъолияти хешро ба роҳ монда, ҳамарӯза аз раванди таълим дар факултаҳои донишгоҳ назорат мебаранд. Ҳафтае як маротиба дар ҷамъомади пагоҳирӯзии назди ректори донишгоҳ маълумоти ҷамбасти ҳафтаро омода намуда, манзури Раёсати донишгоҳ мегардонад.
Шуъбаи бақайдгирии низоми кредитии таҳсилот аз 1 сентябри соли 2008 арзи ҳастӣ намуда, айни замон дар ҳайати он як мудир ва 10 нафар эдвайзерон (мушовирон) фаъолият менамоянд.

Ин шуъба хадамотест, ки ҳамчун сохтори таркибии мактаби олӣ фаъолияти худро дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқию меъёрӣ ба роҳ монда, раванди таълимро дар шароити низоми кредитии таҳсилот ба танзим медарорад.

Шуъбаи назорати сатҳи сифати таҳсилот дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 таҳти рақами 105 «Дар бораи хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф» таъсис ёфтааст. Вазифаи кормандони ин шуъба асосан аз назорати низоми хониш, давомот, сатҳи сифати  дониши донишҷӯён иборат мебошад. Айни ҳол дар ин шуъба як нафар мудир ва 4 нафар нозирон кору  фаъолият менамоянд.

Таҳсилоти ғоибона яке аз самтҳои муҳими сохтори таълим буда, дар радифи шуъбаи рӯзона барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тайёр намуда, ба хоҷагии халқ равона сохтани мутахассисони варзидаи соҳаҳои омӯзгорӣ, иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳуқуқ саҳми босазоеро ишғол менамояд. Он дар донишгоҳ соли 1995 кушода гардидааст. Соли авали таъсисёбии он ҳамагӣ аз рӯи 3 ихтисос донишҷӯёнро ба таҳсил фаро гирифта буд. Алҳол шуъбаи ғоибона ба Маркази таҳсилоти ғоибона табдил дода шуда, дар он 10 факулта мавҷуд мебошад, ки он аз рӯи 23 ихтисос донишҷӯёнро ба таҳсил фаро гирифтааст.

Агар дар аввали ташкилшавӣ дар шуъбаи ғоибона ҳамагӣ  2 нафар корманд мавҷуд бошад, алҳол ҳайати он ба 8 нафар расидааст, ки аз инҳо 1 нафар директор, як нафар сармушовир ва 7 нафар мушовир мебошанд.
      
Маркази имтиҳонгирии компютерӣ ё маркази тестӣ аз 5 январи соли 2007 ташкил карда шудааст. Алҳол дар ин марказ як нафар директор, як нафар ҷонишини директор, як нафар сармутахасис ва ҳашт нафар мушовирон фаъолият менамоянд, ки вазифаи асосии онҳо аз тайёр намудани барномаҳои компютерӣ барои қабули санҷишу имтиҳонҳо, таъмин намудани донишҷӯён бо саволҳои тестӣ ва ғайра иборат мебошад.                                   
         
Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахасисон ҷавон аз як нафар мудир ва як аъзо иборат буда, фаъолияти он асосан ба ташкили муваффақиятноки таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва расонидани ёрии методӣ ба мутахассисони ҷавон иборат мебошад.

2018 KTSU