Ба боло

foto1 foto2 foto3 foto4 foto5

Иқтисод асоси ҳар  як  воҳид ва ниҳоди  иҷтимоию  сиёсиро  ташкил  медиҳад. Ҳисобдории донишгоҳ аз рӯзи таъсис ёфтани он, яъне соли 1978 фаъолият менамояд. Имрӯз   бошад,  он  бахши  муҳим  ва  асосии донишгоҳ гаштааст.
    
Мақоми  ноиби  ректор дар  умури иқтисоди донишгоҳ дар  дар соли  2005 таъсис ёфтааст. Дар  айни ҳол Қараев Исломиддин Насруллоевич, дотсенти кафедраи  назарияи  иқтисоди донишгоҳ ноиби  ректор дар  умури иқтисод мебошад.
    
Бахши иқтисоди донишгоҳ  шомили сохторҳои  зер мебошад: ҳисобдорӣ, шуъбаҳои  иқтисод,  хоҷагӣ ва хобгоҳи  донишҷӯён.

Дар  ҳисобдорӣ 7 нафар кор  мекунанд. Ҳакимов Зубайдулло мудирияти воҳиди ҳисобдориро бар уҳда дорад,  пайваста  ба  мураттаб намудани  асноду ҳуҷҷатҳои  ҳисобдорӣ машғул буда,  андозҳоро  саривақт пардохт менамояд.
    
Имрӯзҳо  кормандони  донишгоҳ маош ва нафақапулии худро аз тариқи бонкоматҳо дарёфт  мекунанд. Аммо  ҳисоби  маош   ва нафақапулӣ қаблан аз сӯйи  кормандони  ҳисобдорӣ таҳия ва ба бонк пешниҳод  мегардад. Бонк маоши  кормандонро ба кортҳои электронии онҳо  мегузаронад. Ҳамаи  дахлу харҷи  донишгоҳ ва таҳияи асноди  он  бар  дӯши  ҳисобдорӣ аст. Хазина  шомили  воҳиди ҳисобдорӣ  буда,  Хазинадор Мадвалиева Ҷамила мебошад.
    
Идрорпулии донишҷӯён ва соири пардохтҳои хурду реза аз тариқи  хазина  сурат мегирад.

Аз таъсиси  шуъбаи  иқтисод муддати  зиёде  сипарӣ нашуда  бошад  ҳам,  дар сохтори  иқтисоди донишгоҳ  ҷойгоҳи худро  пайдо намудааст. Ин шуъба  4 нафар  корманд дошта, сирфан ба масъалаи ҷамъоварии маблағи шартнома машғул аст. Бо эҳтимоми кормандон ва  ба вежа мудири он Ҳасанов  Дӯстмурод ҷамъоварии  маблағи шартнома  ба  хубӣ  ба роҳ  монда  шудааст. Биноҳои  таълимӣ  ва маъмурии  донишгоҳ   дар  маҷмуъ   бо   боғча   ва   ҳавлиҳои  он  дар ду  маҳал  ҷойгир  аст. Дар  хоҷагии  донишгоҳ 76 нафар кормандон ба кор  машғуланд. Бояд  зикр кард, ки   раванди   таълиму тарбия  ба   назофат,   тамизкорӣ  ва сабзу хуррам нигоҳ  доштани  боғчаҳо зич алоқаманд аст. Кормандони  ин  воҳид  ҳамарӯза синфхонаҳо ва  кафедраҳои тахассусӣ ва бинои  маъмуриро тамизу  пок  нигоҳ  медоранд.

Инчунин боғчаҳои  донишгоҳ бо дасти эшон ҳамеша  сабзу  хуррам аст. Дар  донишгоҳ як бинои хобгоҳ, ки дорои  чор  табақа мебошад, мавҷуд аст. Дар хобгоҳ 370 нафар  донишҷӯ  иқомат  мекунад. Хобгоҳ  дорои  толори  хониш ва ошхона мебошад. Аз  хобгоҳ комендант ва 3 нафар корманди он  нигоҳбонӣ  мекунанд.

2018 KTSU