Ба боло

foto1 foto2 foto3 foto4 foto5

Терроризм ва ифротгароӣ дар ин ё он гўшаи ҷаҳон торафт бештар доман афканда, боиси ташвишу изтироби ҷаҳониён гаштааст. Дар дунё имрўз ягон давлате нест, ки аз амалиёти даҳшатафзои террористу ифротгароён дар ташвишу таҳлука набошад, зеро амалҳои хатарзои террористону ифротгароён иқтисодиёту иҷтимоиёти ҳар мамлакатро ба поён бурдаву ҳатто ба нестӣ расонида, боиси  марги садҳо одамони бегуноҳ мегардад.

 

Сарвари давлати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳама суханрониҳояшон, хусусан дар Паёми охиринашон таъкид месозанд, ки «мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни  ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва  судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи  созишу муколамаи созанда бар асоси Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем. Бо дарназардошти  воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати  пешгирӣ  аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва  дигар таҳдидҳои замони  муосир мо омодаем ҳамкориҳои  густурдаро бо созмонҳои  байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем».

Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рўзҳои сари қудрат омаданашон мардуми шарифи мамлакатро даъват намуданд, ки роҳи ободгароиву  ватандўстиро пеш гиранд. Беҳуда нест, ки аз ҷониби  Пешвои миллат соли 2017- Соли ҷавонон эълон шуда буд. Дар ин як сол аз ҷониби ҷавонони кишвар корҳои зиёди ободгароиву созандагӣ ва ташаббусҳои нав ба нави ватандўстона ба миён омадаву ба сомон расонда шуда буд. Вале боиси афсўс аст, ки дар байни ҷавонони мо низ ашхоси камандешу гумроҳзада кам нестанд. Чунончи, баъзе ҷавонон бинобар гумроҳиашон рафта дар задухўрди бемаънии Сурия иштирок намуда, бисёрашон ҷони ҷавони худро бохтанд. Бадтар аз ин, чунин ҷавонон  боз бисёр ҳамсолони худро аз роҳи дуруст бароварда, ба куштан медиҳанд. Дар натиҷа,  бисёр оилаҳои ҷавон  бесаробон мемонанд.

Ҷанги бемаънии соли 1992-1993 то имрўз аз хотири ҳеҷ кас фаромўш нашудааст. Бо дасисаи  як гурўҳ муллоёни мансабҷўю вазифаталаб ҳазорон нафар одамони тамоман бегуноҳ қурбон гардиданд. Чӣ қадар бинову  манзилҳои истиқоматии мардум ба коми оташ рафтанд. Аз ин нобасомониҳо  ахлоқи ҷомеа рўз ба рўз коста мегардид. Ин ҷанги бемаънӣ бароямон бояд ҳама умр дарси ибрат гардад.

Ба бахти баланди тоҷикон  Худованд ба мо фарзанди фарзонаи миллатро тақдим намуд, ки аз қадамҳои нахустини фаъолияташ ба сарҷамъ намудани халқи  азияткашидаву парокандашуда кўшиш кард. Ин кори саҳлу осон набуд. Вале азбаски худ дар дил меҳру муҳаббат ва рўҳияи баланди ватандўстиву халқпарварӣ дошт, бо сад душворӣ ҳам бошад, тадриҷан ба мақсад расид.

Имрўз Тоҷикистони мо  як давлати обод, тинҷу осуда ва мутараққист. Вале бояд таъкид дошт, ки тарбияи заҳматкашон, чуноне ки  Эмомалӣ Раҳмон мегўяд, кори  яксолаву дусола набуда, бояд вазифаи  якумрии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад. Дар ҳамон сурат мо метавонем сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва бародархондагиро дар ватани худ ҷовидона устувор гардонем. Вазифаи мо он аст, ки аз тарбияи ҷавонон дар роҳи ободгароиву созандагӣ, рўҳияи ватандўстӣ заррае фориғ набошем. Ҳамон вақт мо метавонем сулҳу дўстиро дар ватани худ абадан мустаҳкам созем.

Зебонисо Қурбонова,

омўзгори факултаи информатика

2018 KTSU