Ба боло

foto1 foto2 foto3 foto4 foto5

Ҷаҳонишавӣ дар худ имкониятҳои бузурги пешрафт ва дар айни  замон таҳдидҳои ҷиддиро ба ҳаёти башарият омезиш додааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар шароити мушаххаси таърихии Тоҷикистон раванди ҷаҳонишавӣ  ва тамоюлоти ба он пайванд бинобар якчанд омилҳо  ба сарнавишти Тоҷикистон ва мардуми тоҷик таъсири дарозмуддати манфӣ дошта метавонад.

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишофи  ҷомеаи тоҷик оғоз ёфт. Давлатро зарурат пеш омад, ки ба масъалаи рушди неруи ақлонӣ ва моликияти зеҳнӣ диққати махсус диҳад. Дар ҷаҳони муосир, вақте ки илм ва технология босуръат рушд мекунанд, ташаккули неруи зеҳнӣ ва моликияти зеҳнӣ дар ҳар як мамлакат гарави таъмини амнияти миллӣ, сиёсӣ, давлатӣ ва иқтисодии он мебошад.        

Фарҷоми  «ҷанги сард», ки ба пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом ёфт, мувозинати қудратро дар ҷаҳон барҳам зад ва онро аз ҷаҳони бисёрқутба ба як қутби мутлақи қудрат табдил дод. Кӯшишҳои аз нав тақсимкунии ҷаҳон дар байни давлатҳои қудратманд ҳанӯз аз солҳои 90-уми саддаи ХХ оғоз гардида буд ва ин раванд то имрӯз идома дошта, ҷаҳони муосирро ба як буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ табдил додааст, ки баъзан бо анҷом ёфтани террору ҷангҳои хунини қавмӣ ва динӣ-мазҳабӣ сурат мегирад.

Хатари таҳмили низомҳои сирф мақбули абарқудратҳо ба вижа таъвили «демократия» самти кишварҳое, ки худ дар низоми сиёсии демократӣ бо аносири муҳими демократӣ мустақаранд, ҳамбастагии ба тавсеъаталабӣ ва ниёзмандии захираҳои табиии ин кишварҳо аз ҷониби Ғарб буда, он аҳдофро метавон чунин тадвин кард: Аваллин ҷанба ба арсаи чуғрофиёии таҳаввуле, ки мавриди ниёзи Ғарб аст, бармегардад. Ин фақат ҷаҳони Шарқ  нест, ки Ғарб хоҳони тағйири он аст. Ғарб мехоҳад, ки ҳамаи башарият аз намунаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии он табаият кунад,чаро ки бар мабнои арзёбии хеш худро дар пешрафтатарин мавқеияти тавсиаи башар медонад..

Дувумин нуқтаи муҳим, дар мавриди ҳамоҳангӣ ва ҳамгунии манофеъ ва барномаҳои кишварҳои мухталифи ғарбӣ аст. Мисоли равшани онро  мо дар сарнагун сохтани ҳукуматҳои конститутсионии   Югославия, Ироқ, Либиё, Украина дидем ва дар самти чунин манофеи умумии Ғарб нисбат ба ҳукумати миллӣ ва конститутсионии Сурия қарор дорем.

Савумин нуктаи муҳим, ҳамоҳангии манофеи иқтисодии ширкатҳои бузурги фаромилияти аст, ки умури молии байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбиро идора мекунанд. Дар мавриди Амрико бо қотеият метавон гуфт, ки аз замони ҷанги ҷаҳонии дувум, раиси ҷумҳуре бар сари кор наёмадааст, ки худ аз тавсеъаталабӣ ва бузургманишӣ ва таҳмилӣ сиёсати Амрикоро  накарда, дар нуктае аз дунё судҳои калони молӣ набурда бошад.

Дар раванди ҳассоси геопалитикии ҷаҳон неруи зеҳнӣ қувваи асосиест, ки имкони дарки дасисаҳои сиёсиии қудратмандонро дорад. Аммо пиёдасозии ҳадаф  мансуб ба минтақаҳо ва эътимоду эътиқод ва ба вижа таассубот пайвасти ногусатанӣ дорад. Ин падида солҳои охир, ба вижа дар ҷаҳони ислом дар шаклҳои тезутунд воқеъ гардида, на танҳо боиси вайрон шудани амну субот ва бавуҷудоии буҳрони иқтисодӣ дар кишварҳои ҷаҳони сеюм шудааст, ҳамчунин ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии умуман ҷаҳони муосир таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ин раванд имрӯз бахусус омили исломгароии сиёсӣ нақши бориз мебозад. Қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ (геополитикӣ)-и худ дар ҷаҳони ислом кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки бо такя ба эътиқоди динии мардум аз он тафовутҳое, ки миёни фирқаву мазоҳиби исломӣ вуҷуд дорад, сӯйистифода намоянд. Барои расидан ба ин ҳадаф бо дасти худи мусулмонон ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии хусусияти динӣ доштаро таъсис дода, онҳоро байни мусулмонони кишварҳои исломӣ аз тариқи роҳҳои мухталиф интишор медиҳанд ва барои чунин амал маблағҳои ҳангуфт сарф месозанд. Намунаи чунин ҳизбу ҳаракатҳои экстримистиву террористӣ, ки имрӯз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз худ дарак медиҳанд, ҳаракати Салафия, Њаракати исломии Туркистон, Толибон, Ҷамоати таблиғ, Њизби таҳрир, Ансоруллоҳ ва ғайра мебошанд.

Аз ин рў, дар шароити бархурд, таҳаввулот сиёсати геопалитикии Ғарб ва кишварҳои пуштибони фирқаҳои бемазҳабӣ ба вижа ваҳҳобӣ-салафӣ дар симои Қатару Қувайт, Саудияву  Дубай, низоми мазҳабии Эрон ва пуштибонии он аз гурўҳҳо ва ҳизбҳои вижагиҳои динидошта ҳангоми равобити иктисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таақул кард ва ба ҳар падида ба айнаки манофеи миллӣ бояд нигарист. Дар фарҷом таъкиди орифи бузурги тоҷик Имом Ғаззолиро ёдрас мешавем: «Надонистани силоҳи душман тамсили нишонгирии нобино аст».

 

   Самариддин Ҷамолӣ- мутахассиси

                                                           Раёсати  илм ва инноватсияи ДДҚ

ба номи Носири Хусрав

2018 KTSU