Ба боло

foto1 foto2 foto3 foto4 foto5

Хабарҳо ва эълонҳо

Дар донишгоҳ шӯрои диссертатсионӣ таъсис ёфт

Дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав рўзи 10 феврали соли равон боз як падидаи фараҳбахши деринтизор  ба вуқўъ пайваст. Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири  Хусрав шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа(PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисосҳои  6D010900 -математика,  6D011000-физика ва 6D011100-информатика таъсис ёфт.

Шӯрои диссертатсионии мазкур мутобиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”,  Низомномаи Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ” , “Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ” ва қарори Раёсати КОА аз 25 январи соли 2018 №1/1таъсис дода шуд.

Дар маросими рўнамои кори шўрои диссертатсионї раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ Розиқзода Абдулҳаким Шералї, муовини аввали вазири маориф ва илми ҶТ  Раҳматулло Мирбобоев, муовини раиси комиссияи олии аттестатсионї Комилиён Файзалї Саъдулло, ректори Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа профессор Шодиён Муҳаммад Султонзода ва ҳайати  шўрои навтаъсис иштирок ва суханронї намуданд.

Розиқзода Абдулҳаким Шералї раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ зимни суханронї иброз дошт, ки таъсиси шўроҳои диссертатсионї дар кишвар идомаи давлатсозї ва ташаббусҳои махсуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалї Раҳмон мебошад. Тибқи талаботи меъёрҳои стандартї то имрўз дар љумҳурї ба 39 Шўро иљозати фаъолият дода шудааст, ки бамаврид ва саривақтї мебошанд. Мақсад аз таъсиси шўроҳо ба соҳаи илми кишвар  пешниҳод кардани шахсони арзанда ва лоиқ мебошад.

Муовини аввали вазири маориф ва илми ҶТ  Раҳматулло Мирбобоев таъкид намуданд, ки яке аз мақсадҳои таъсиси шўроҳо ин љавон кардани кадрҳои илми соҳаи таҳсилоти олї дар љумҳурї мебошад. Дар оянда таъсиси шўроҳои диссертатсионии муштарак бо кишварҳои ҳамсоя низ дар назар аст.

Рамзи шӯрои диссертатсионӣ 6D.КОА -035 ва муҳлати фаъолияти он  2 (ду) сол муқаррар карда шуд.

Мутобиқи банди 163, боби 10 “Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ” ба шӯрои диссертатсионии мазкур қабул ва ҳимояи диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз ихтисосҳои 13.00.02 -Назария ва методикаи омӯзишу парвариш (методикаи таълими физика), 13.00.02 -Назария ва методикаи омӯзишу парвариш (методикаи таълими математика), 13.00.02- Назария ва методикаи омӯзишу парвариш (методикаи таълими информатика) иҷозат дода шуд.

Ба ҳайати комиссияи шўрои аттестатсионии мазкур 15 нафар олимон аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар интихоб гардида, раиси шўро профессори Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав Ҷумъа Шарифов таъин гардид. Айни ҳол шўро интизори довталабон дар соҳаи илм мебошад.

 

Изҳороти Устодон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири  Хусрав

Мо ҳайати профессорон, устодон ва донишҷўёни ДДҚ ба номи Носири  Хусрав аз таъсиси ба ном «Анҷумани озодандешони тоҷик»  дар хориҷи кишвар, ки бо иқдоми гўё «Ватандўстон»-у сиёсатбозон сурат гирифтааст огоҳ гардида, хеле мутаассир гаштем. Ин кўшиши навбатии душманони идеологиро нисбати Тоҷикистони соҳибистиқлол, сулҳу субот ва фазои бунёдкоронаву созандаи кишвар мо амали нави тарҳрезишудаи тарафдорони ҲНИТ меҳисобем ва онро маҳкум менамоем. Бисёр боиси нигаронист, ки ин гуна амалҳои ҳангомаҷўёнаю бардурўғ тавассути расонаҳои бегонаи Интернетӣ паҳн гардида, дар муаррифии муассисони ин «анҷуман» ва андешаҳои ғаразноки онҳо саҳм мегузоранд.

 Миллати шарафманди тоҷик, кӣ будану чӣ гуна рафтор доштани ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла ҲНИТ, «Гурўҳи 24», «Ватандор»-ро хуб медонад. Мо медонем, ки пешвоёни ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо барои амалӣ кардани ниятҳои нопоки хеш ба хоҷагони хориҷиашон фурўхта шудаанд.

Шахсоне, ки ба халқу Ватан, хоки поки ин сарзамин хиёнат мекунанд, лоиқи нафрин ва маҳкум мебошанд. Ин гурўҳ ба тўдаи ғаразҷӯёне, ки аз ҷомеа ҷудо гашта, нафратзадаи мардум гаштаанд монанданд.

Чӣ гуна метавон «Анҷумани озодандешони тоҷик»-ро берун аз марзи Тоҷикистон ташкил намуд?! Ҳол он ки рўшанфикрону ватандорони асил дар кишвар кам нестанд ва онҳо дар пайи ободиву созандагӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлоланд.

Шояд дурӣ аз Ватан, аз ҳаммиллатон ва пушаймонӣ аз хиёнат ба арзишҳои миллӣ онҳоро водор намуда бошад, ки барои таскини  дили худ чунин гурўҳу анҷуманҳоро таъсис медиҳанд.

Дар рўйхати «озодандешон» номҳои Темури Варқӣ, Равшани Темуриён, Аюб  Эгамов, Ҳаким  Рабинпур, Алим Шерзамонов ва Саидюнуси Истаравшаниро мехонем, ки ҷиноят содир карда, тарки Ватан намудаанд. Онҳо дар хориҷа ба наҳзатиҳо якҷоя шуда, ба хотири пул бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд. «Озодандешон», ки муҳтоҷи сарпарастии гурўҳҳои ҷосусии хориҷаанд, ҳатто аз мазҳаби худ рўй тофтаанд.

Таърихи  истиқлоли  тоҷик  гувоҳӣ медиҳад, ки мухолифин, аз ҷумла ҲНИТ ва тарафдорони ў ба ном демократҳои озодихоҳ чӣ фоҷеаеро ба сари мо оварданд. Ҳеҷ як фарди солимақли имрўзаи Тоҷикистон  даҳшату  ваҳшонияти амалҳои онҳоро фаромўш накардааст.

Имрўз ба мардуми Тоҷикистон талқин кардани «роҳи озодӣ ва озодандешӣ» камоли беақлист, зеро  мардум  аллакай тарзи  давлату давлатдорӣ, Пешвои миллатро барои ояндаи дурахшони хеш интихоб намудааст. Аз ин рў, мардуми хирадманди тоҷик ба роҳнамоӣ ва тарғибу ташвиқи бегонагон ниёз ва эҳтиёҷ надорад.

Тавре, ки Сайидои бузург мефармояд:

Ҳар ки бар душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирбон хурад.

Мо дигар ба ҳеҷ гуна фитнаву иғвогарии хоинони Ватан бовар намекунем ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Эмомалӣ  Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои рушду нумўи кишвар, фазои ободу осудаи Тоҷикистон камари ҳиммат мебандем.

 

Ҳайати профессорону устодон ва донишҷўёни ДДҚ ба номи Носири Хусрав, ҷамъ: 8000 нафар.

Терроризм ва ифротгароӣ дар ин ё он гўшаи ҷаҳон торафт бештар доман афканда, боиси ташвишу изтироби ҷаҳониён гаштааст. Дар дунё имрўз ягон давлате нест, ки аз амалиёти даҳшатафзои террористу ифротгароён дар ташвишу таҳлука набошад, зеро амалҳои хатарзои террористону ифротгароён иқтисодиёту иҷтимоиёти ҳар мамлакатро ба поён бурдаву ҳатто ба нестӣ расонида, боиси  марги садҳо одамони бегуноҳ мегардад.

 

Сарвари давлати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳама суханрониҳояшон, хусусан дар Паёми охиринашон таъкид месозанд, ки «мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни  ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва  судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи  созишу муколамаи созанда бар асоси Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем. Бо дарназардошти  воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати  пешгирӣ  аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва  дигар таҳдидҳои замони  муосир мо омодаем ҳамкориҳои  густурдаро бо созмонҳои  байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем».

Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рўзҳои сари қудрат омаданашон мардуми шарифи мамлакатро даъват намуданд, ки роҳи ободгароиву  ватандўстиро пеш гиранд. Беҳуда нест, ки аз ҷониби  Пешвои миллат соли 2017- Соли ҷавонон эълон шуда буд. Дар ин як сол аз ҷониби ҷавонони кишвар корҳои зиёди ободгароиву созандагӣ ва ташаббусҳои нав ба нави ватандўстона ба миён омадаву ба сомон расонда шуда буд. Вале боиси афсўс аст, ки дар байни ҷавонони мо низ ашхоси камандешу гумроҳзада кам нестанд. Чунончи, баъзе ҷавонон бинобар гумроҳиашон рафта дар задухўрди бемаънии Сурия иштирок намуда, бисёрашон ҷони ҷавони худро бохтанд. Бадтар аз ин, чунин ҷавонон  боз бисёр ҳамсолони худро аз роҳи дуруст бароварда, ба куштан медиҳанд. Дар натиҷа,  бисёр оилаҳои ҷавон  бесаробон мемонанд.

Ҷанги бемаънии соли 1992-1993 то имрўз аз хотири ҳеҷ кас фаромўш нашудааст. Бо дасисаи  як гурўҳ муллоёни мансабҷўю вазифаталаб ҳазорон нафар одамони тамоман бегуноҳ қурбон гардиданд. Чӣ қадар бинову  манзилҳои истиқоматии мардум ба коми оташ рафтанд. Аз ин нобасомониҳо  ахлоқи ҷомеа рўз ба рўз коста мегардид. Ин ҷанги бемаънӣ бароямон бояд ҳама умр дарси ибрат гардад.

Ба бахти баланди тоҷикон  Худованд ба мо фарзанди фарзонаи миллатро тақдим намуд, ки аз қадамҳои нахустини фаъолияташ ба сарҷамъ намудани халқи  азияткашидаву парокандашуда кўшиш кард. Ин кори саҳлу осон набуд. Вале азбаски худ дар дил меҳру муҳаббат ва рўҳияи баланди ватандўстиву халқпарварӣ дошт, бо сад душворӣ ҳам бошад, тадриҷан ба мақсад расид.

Имрўз Тоҷикистони мо  як давлати обод, тинҷу осуда ва мутараққист. Вале бояд таъкид дошт, ки тарбияи заҳматкашон, чуноне ки  Эмомалӣ Раҳмон мегўяд, кори  яксолаву дусола набуда, бояд вазифаи  якумрии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад. Дар ҳамон сурат мо метавонем сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва бародархондагиро дар ватани худ ҷовидона устувор гардонем. Вазифаи мо он аст, ки аз тарбияи ҷавонон дар роҳи ободгароиву созандагӣ, рўҳияи ватандўстӣ заррае фориғ набошем. Ҳамон вақт мо метавонем сулҳу дўстиро дар ватани худ абадан мустаҳкам созем.

Зебонисо Қурбонова,

омўзгори факултаи информатика

Ҷаҳонишавӣ дар худ имкониятҳои бузурги пешрафт ва дар айни  замон таҳдидҳои ҷиддиро ба ҳаёти башарият омезиш додааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар шароити мушаххаси таърихии Тоҷикистон раванди ҷаҳонишавӣ  ва тамоюлоти ба он пайванд бинобар якчанд омилҳо  ба сарнавишти Тоҷикистон ва мардуми тоҷик таъсири дарозмуддати манфӣ дошта метавонад.

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишофи  ҷомеаи тоҷик оғоз ёфт. Давлатро зарурат пеш омад, ки ба масъалаи рушди неруи ақлонӣ ва моликияти зеҳнӣ диққати махсус диҳад. Дар ҷаҳони муосир, вақте ки илм ва технология босуръат рушд мекунанд, ташаккули неруи зеҳнӣ ва моликияти зеҳнӣ дар ҳар як мамлакат гарави таъмини амнияти миллӣ, сиёсӣ, давлатӣ ва иқтисодии он мебошад.        

Фарҷоми  «ҷанги сард», ки ба пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом ёфт, мувозинати қудратро дар ҷаҳон барҳам зад ва онро аз ҷаҳони бисёрқутба ба як қутби мутлақи қудрат табдил дод. Кӯшишҳои аз нав тақсимкунии ҷаҳон дар байни давлатҳои қудратманд ҳанӯз аз солҳои 90-уми саддаи ХХ оғоз гардида буд ва ин раванд то имрӯз идома дошта, ҷаҳони муосирро ба як буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ табдил додааст, ки баъзан бо анҷом ёфтани террору ҷангҳои хунини қавмӣ ва динӣ-мазҳабӣ сурат мегирад.

Хатари таҳмили низомҳои сирф мақбули абарқудратҳо ба вижа таъвили «демократия» самти кишварҳое, ки худ дар низоми сиёсии демократӣ бо аносири муҳими демократӣ мустақаранд, ҳамбастагии ба тавсеъаталабӣ ва ниёзмандии захираҳои табиии ин кишварҳо аз ҷониби Ғарб буда, он аҳдофро метавон чунин тадвин кард: Аваллин ҷанба ба арсаи чуғрофиёии таҳаввуле, ки мавриди ниёзи Ғарб аст, бармегардад. Ин фақат ҷаҳони Шарқ  нест, ки Ғарб хоҳони тағйири он аст. Ғарб мехоҳад, ки ҳамаи башарият аз намунаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии он табаият кунад,чаро ки бар мабнои арзёбии хеш худро дар пешрафтатарин мавқеияти тавсиаи башар медонад..

Дувумин нуқтаи муҳим, дар мавриди ҳамоҳангӣ ва ҳамгунии манофеъ ва барномаҳои кишварҳои мухталифи ғарбӣ аст. Мисоли равшани онро  мо дар сарнагун сохтани ҳукуматҳои конститутсионии   Югославия, Ироқ, Либиё, Украина дидем ва дар самти чунин манофеи умумии Ғарб нисбат ба ҳукумати миллӣ ва конститутсионии Сурия қарор дорем.

Савумин нуктаи муҳим, ҳамоҳангии манофеи иқтисодии ширкатҳои бузурги фаромилияти аст, ки умури молии байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбиро идора мекунанд. Дар мавриди Амрико бо қотеият метавон гуфт, ки аз замони ҷанги ҷаҳонии дувум, раиси ҷумҳуре бар сари кор наёмадааст, ки худ аз тавсеъаталабӣ ва бузургманишӣ ва таҳмилӣ сиёсати Амрикоро  накарда, дар нуктае аз дунё судҳои калони молӣ набурда бошад.

Дар раванди ҳассоси геопалитикии ҷаҳон неруи зеҳнӣ қувваи асосиест, ки имкони дарки дасисаҳои сиёсиии қудратмандонро дорад. Аммо пиёдасозии ҳадаф  мансуб ба минтақаҳо ва эътимоду эътиқод ва ба вижа таассубот пайвасти ногусатанӣ дорад. Ин падида солҳои охир, ба вижа дар ҷаҳони ислом дар шаклҳои тезутунд воқеъ гардида, на танҳо боиси вайрон шудани амну субот ва бавуҷудоии буҳрони иқтисодӣ дар кишварҳои ҷаҳони сеюм шудааст, ҳамчунин ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии умуман ҷаҳони муосир таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ин раванд имрӯз бахусус омили исломгароии сиёсӣ нақши бориз мебозад. Қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ (геополитикӣ)-и худ дар ҷаҳони ислом кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки бо такя ба эътиқоди динии мардум аз он тафовутҳое, ки миёни фирқаву мазоҳиби исломӣ вуҷуд дорад, сӯйистифода намоянд. Барои расидан ба ин ҳадаф бо дасти худи мусулмонон ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии хусусияти динӣ доштаро таъсис дода, онҳоро байни мусулмонони кишварҳои исломӣ аз тариқи роҳҳои мухталиф интишор медиҳанд ва барои чунин амал маблағҳои ҳангуфт сарф месозанд. Намунаи чунин ҳизбу ҳаракатҳои экстримистиву террористӣ, ки имрӯз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз худ дарак медиҳанд, ҳаракати Салафия, Њаракати исломии Туркистон, Толибон, Ҷамоати таблиғ, Њизби таҳрир, Ансоруллоҳ ва ғайра мебошанд.

Аз ин рў, дар шароити бархурд, таҳаввулот сиёсати геопалитикии Ғарб ва кишварҳои пуштибони фирқаҳои бемазҳабӣ ба вижа ваҳҳобӣ-салафӣ дар симои Қатару Қувайт, Саудияву  Дубай, низоми мазҳабии Эрон ва пуштибонии он аз гурўҳҳо ва ҳизбҳои вижагиҳои динидошта ҳангоми равобити иктисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таақул кард ва ба ҳар падида ба айнаки манофеи миллӣ бояд нигарист. Дар фарҷом таъкиди орифи бузурги тоҷик Имом Ғаззолиро ёдрас мешавем: «Надонистани силоҳи душман тамсили нишонгирии нобино аст».

 

   Самариддин Ҷамолӣ- мутахассиси

                                                           Раёсати  илм ва инноватсияи ДДҚ

ба номи Носири Хусрав

 

ПЕШГУФТОР:

Ҳаркӣ н-омӯхт аз гузашти рузгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор…

Аз ҳама даҳшаттарин барои инсон он аст, агар ӯ аз таҷрибаи талхи худ ибрат нагираду, пайи ислоҳи он нашавад… Сад афсӯс, ки баъд аз ҳазорон фитнаву дасисабозиҳо, хунрезиҳо, наҳсигариҳо, сухтану бохтанҳо то ҳол намояндагони беимони наҳзатӣ аз «даъвати ҷанг» даст намекашанд.  Бале, «даъват ба ҷанг». Зеро, ибтидо аз соли 1990 ин неоисломистҳои тоҷик анбуҳи мардуми бечораро ба майдонҳои пойтахт  кашола карда, даъват ба амал меоварданд, ки «Ҳукуматро сарнагун кунед», «ин идораву фалон вазоратро ғасб кунед», «Фалониро гаравгон гиред», «Тир холӣ кунед, малоикаҳо он тирро ба қалби кофир мезананд» ва ғайраву ва ҳоказо… Дар ин байн, 27 сол гузашт… То ҳол, чун эстафетаи «аз даст ба даст», ҳамин гуна даъватҳо идома доранд. Ҳамон гуфтаҳо, ҳамон стратегия, хамон идеология, ҳамон муқовимат, танҳо чеҳраҳои дигар. Яъне, аз С.А.Нурӣ ба Ҳимматзода, аз Ҳимматзода ба Эшони Қиёмиддини ғозӣ, аз ин ба Алӣ, аз Алӣ ба Валӣ... ва инак расидем ба «амри маъруф»-ҳои Муҳиддин Кабирӣ..

Ин шахси манфур, гирди худ зиёда аз 10-20 нафар гумроҳи дигарро ҷамъ карда, бо пули «падарандар»-и хориҷиаш ба ҳавлии 8 миллион тоҷик санг партофа истодааст… Фикре маро ором намегузорад, ки кадом модар ин аблаҳонро синаи меҳр додаву, кадом падаре насиҳаташон карда… Кадом табиату хӯ ботини ғаши онҳоро фаро гирифтааст???

Хонандаи гиромии мо, аллакай дарк кардааст, ки тайи чанд моҳи охир дар сархати расонаҳои иттилоотӣ мақолаҳои ифшокунандаи симои аслии наҳзатиён аз ҷониби худи саркардагон ва роҳбарони ниҳодҳои сиёсиву ҳарбии ҲНИТ, пушаймонии онҳо ва иштирокчиёни бевоситаи он даргириҳои бемаънӣ зиёд гаштааст. Баъд аз мутолиаи мусоҳибаи кадом як рузноманигоре бо собиқ муовини САМНИТ (ниҳоди амниятии ИНОТ) Сайҷалол Сияҳаков дар рузномаи «Фараж» таҳти унвони «Шоҳиди зиндаи бедодиҳои ҲНИТ» ва мусоҳибаи озод  бо «Ҳаким бангӣ» ном қумондони пешсафи ИНОТ ва дигарон дарк кардам, дар сурате, ки чунин як мансабдорони баландпояи  ИНОТ бо як шеваи тунд ҳамсангарони худро мавриди танқиди шадид қарор дода, онҳоро «гумроҳ», «фурухташуда», «муттаҳам» ва «хоин» ном мебаранд, чӣ монад ба мухолифини онҳо.. Онҳо бо як дарди гарон дигаронро ҳушдор медиҳанд, ки аз наҳзатиҳо худро канор гиранд, ба доми фиреби онҳо наафтанд, зеро худи онҳо боре дар фитнаи ин қишри оштинопазир сухтаанд..

Ноларо ҳарчанд мехоҳам, ки пинҳон даркашам,

Сина мегуяд, ки ман танг омадам, фарёд кун..

 

Мусоҳиба бо Ҳабибулло Абдуллоев.

 Маълумотнома: Абдуллоев Ҳабибулло, 08.11.1950, зодаи н.Балҷувон, истиқоматкунандаи н.Вахш, солҳои 1980-1983, донишҷӯи Мактаби олии ВКД ҶТ, с.1983 муддати 6 моҳ дар МО ВКД Чумҳурии Украина ба ҳайси тарҷумон кор кардааст, солҳои 1983-1984 дар МО Ҳизби коммунисти ш.Ленинград низ ба ҳайси тарҷумсон кору фаъолият намудааст. Аз с.1984 то с.1995 дар ШВКД н.Вахш, дар вазифаҳои нозири минтақавӣ, командири рота, нозири бахши кофтукови ҷиноӣ ва муфаттиш кор кардааст. Аз с.1995 то с.2002 муовини сардори ШВКД н.Вахш кор кардааст. Соли 2002 бо рутбаи майори милиса ба нафақа баромадааст. Солҳои 1992-1997 дар минтақаҳои доғи ҷумҳурӣ барои барқароркунии сохти конститутсионӣ фаъолона иштирок варзидааст.

Таърихи 25-30 соли қаблии кишвар гувоҳӣ медиҳад, ки роҳбарони вақти давлату Ҳукумат аз бесалоҳиятӣ, беҷуръатӣ, надоштани дониши комили сиёсӣ ва камтаҷрибагӣ дар идоракунии давлат дар ибтидои соҳибистиқлол гаштани ватани маҳбубамон, тавону қудрати танзиму назорати фаъолияти гуруҳҳои иртиҷоии динии барои ҷомеаи мусалмони мо ҷадидро надоштанд. Маҳз бесалоҳиятӣ ва бефаъолиятии ҳукуматдорони давр боис гашт, ки гуруҳҳои иртиҷоии динӣ аз қабили «ваҳобия»-ву «салафия» тавонистанд як қисми мардуми кишварро фирефта ва ба сафҳои худ ҷалб гардонида, минбаъд бо ҳам омада ба таъсиси ҳизби терористиву экстремистии ҲНИТ муваффақ шаванд. Гуруҳҳои иртиҷоии зикргардида аз муҳиту шароити барояшон мусоид маккорона истифода намуда, кайҳо боз ҳамчун гумоштагон озодона бо фармону дастури хоҷагои хориҷии худ байни мардум таълимоти ботили мазҳабу равияҳои бегонаро таблиғу ташвиқ мекарданд. Гарчанде он гуруҳҳо масъулияту салоҳияти ҳалли масъалаҳои диниву мазҳабиро надошта бошанд ҳам, ҳамчун нафарони ғайри аҳли фатво тартиботу талаботҳои  ғайри мазҳаби моро ба мардум фатво медоданд. Амалҳои бегонапарастонаи онҳо  боиси паҳн шудани афкори гумроҳкунанда гардид ва дар байни мардум аз рӯи ақоиди мазҳабӣ тафриқа андохта шуд.

Дар ниҳоят, ТЭТ ҲНИТ барои бо роҳи қудрат ҷорӣ кардани мазҳабу равияи динии бегона хостори ғасби давлату  ҳукумат гардид ва кишварро ба вартаи нобудӣ кашид.. Дар он ҷанги бародаркӯш ҳазорон нафар ҷони ширини худро бохтанд ва ҳазорон нафари дигар аз зулми бераҳмонаи намояндагони ТЭТ ҲНИТ ҷабру ситами ваҳшиёна диданд. Барои исботи ин гуфтаҳо мо бо яке аз ҷабрдидагони солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ, собиқ муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Вахш муҳтарам Ҳабибулло Абдуллоев суҳбате оростем, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагони заккиву гиромиқадр мегардонем.

 

- Акаи Ҳабибулло, Шумо солҳои тӯлонӣ дар мақомоти милитсия дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа намудед. Мехоҳем аз дидаву мушоҳидаҳоятон дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ, ки бевосита шоҳиди он воқеаҳои мудҳиш будед, каме нақл кунед.

Ҳануз солҳои охири побарҷо будани собиқ давлати шуравӣ, ҳизбу ҳаракатҳои  гуногуни сиёсии иртиҷоии хусусияти маҳалгароидошта дар кишвари мо арзи вуҷуд карда буданд, ки ҳар кадоме аз он гуруҳҳо талош доштанд ба ҳар роҳу воситае набошад қудрати сиёсии мамлакатро ба даст биёранд. Дар ин қатор роҳбарону муассисони ТЭТ ҲНИТ, ки аксарият зодагону бошандагони ноҳияи Вахшу Бохтар буданд, хеле барвақттар бо роҳҳои ошкору ниҳон фаъолияти худро оғоз карда буданд. Саркардагони ин ташкилоти экстремистӣ дар оғози фаъолияташон аслан ба ду гуруҳ тақсим буданд. Гуруҳи якум пайравони равияи ваҳобӣ, ки роҳбари маънавии он Эшони Саидашраф  ва  гуруҳи дуюм пайравони мазҳаби шиа,

ки роҳбари ин гуруҳ Мулло Абдулло (Саид Абдуллои Нурӣ) маҳсуб меёфтанд, ба шумор мерафтанд. Дертар ин ду гуруҳи аз ҷиҳати ақидавӣ ба ҳам мухолиф бо ҳам омада ТЭТ ҲНИТ-ро созмон доданд. Намоянагони ҳарду гуруҳҳои зикргардида пайваста дар байни мардум ошкорову пинҳонӣ ақидаҳои мазҳабии бегонаро таблиғу ташвиқ карда, дар аксар мавридҳо таълимоти мазҳаби ҳанафиро танқид карда, гоҳе ҳатто куфр мехонданд. Ҳолатҳои зиёде буданд, ки руҳониёни асили мазҳаби ҳанафи аз мақсадҳои ғаразноки онҳо воқиф гашта, таблиғотчиёни наҳзатиро аз сухан гуфтан бозмедоштанд. Баъзан баҳсҳои онҳо ба задухурд анҷом меёфт.

-Шумо ишора кардед, ки намояндагони наҳзатӣ ақидаву таълимоти мазҳаби шиа ва равияи ваҳобиро ошкорову пинҳонӣ дар байни мардум таблиғу ташвиқ мекарданд. Лутфан ҳамин нуктаро шарҳ медодед?

 

Ҳамон солҳо ман ҳамчун корманди милитсия дар ШКД-и ноҳияи Вахш инспектори бахши кофтукови ҷиноӣ шуда кор мекардам. Ба мо дар бораи фаъолияти пинҳонкории наҳзатиҳо маълумотҳои зиёд мерасид. Гуруҳи руҳониён ба истилоҳ «муллоҳо» бо баҳонаи «чойгаштак», «дарсхонӣ», «зиёфат» ва «шабнишинӣ» дар ҳар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия дар хонаҳои шиносҳои худ одамони зиёдро ҷамъ намуда, таълимоти сиёсии динии худро, ки аз таълимоти шиагароӣ ва ваҳобӣ иборат буд, ташвиқ мекарданд. Гарчанде маълум буд, ки кирдору фаъолияти наҳзатиҳо барои оромии ҷомеа хатари ҷиддӣ дорад, бо баҳонаи демократияву озодӣ мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ наметавонистанд нисбати ҳаракатҳои онҳо тадбирҳои қонунӣ андешанд. Ҳамин буд, ки наҳзатиҳо якбора ба фаъолияти ошкоро гузашта, бо баҳонаи «мавлудхонӣ»  тамоми фасли сол тую маъракаҳоро ба маҳфилҳои «ташвиқотиву тарғиботӣ» ва ҷалби ҷонибдорону пайравони худ табдил доданд. Суханрониҳои наҳзатиҳоро аксарияти мардум шунида, аз мақсадҳои ғаразнокашон воқиф гашта, нисбати онҳо эътироз мекарданд. Вале мутаасифона одамони гумроҳгаштаи  зиёди дигаре ҳам буданд, ки фирефтаи наҳзатиҳо мегаштанд.

 

-Шумо ишора кардед, ки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дидаву дониста ба фаъолияти ҷинояткоронаи наҳзатиҳо монеъ намешуданд. Оё наҳзатиҳо дар симои кормандони милитсия пуштибонҳо ё ҷонибдорони худро медиданд?

 

На, ин тавр набуд. Гарчанде дар байни кормадони милитсия ва дигар сохторҳои давлатӣ пайравону ҷонибдорони наҳзатиҳо кам набуданд, вале ба ин нигоҳ накарда онҳо дар симои кормандони ҳамагуна сохторҳои давлатӣ душмани асосии худро медиданд ва дар аввалин фурсат омода буданд, ки кормандони давлатиро гаравгон гирифта, ба қатл расонанд. Яке аз он кормандони ҷабрдидаи милитсия худи ман ҳастам, ки наҳзатиҳо дастгир ва ҳафт шабонарӯз дар асорати худ маро нигоҳ доштаанд. Ин 7 шабонарӯз 20 соли умрамро кутаҳ кард...

 

-Хеле мароқовар. Агар малоли хотиратон набошад, тафсилоти ба асорат афтиданатонро муфассалтар шарҳ медодед?

 

Хуб. Моҳи июни соли 1992 мо се нафар савори мошини шахсии  мудири шуъбаи молияи ноҳия - Тағоев Абдуназар, сокини шуъбаи якуми ҷ/ш Киров -Насуров Файзиддин ва ман баъди кор аз маркази ноҳияи Вахш ба маҳали зистамон шуъбаи якуми чамоати шаҳраки Киров ба хонаҳоямон бармегаштем. Ҳангоми ба шуъбаи дуюми ҳамин ҷамоат ворид шудан, дар роҳ ҳангоми ҳаракат дар нақлиёт силоҳбадастони наҳзатӣ бе огоҳии пешаки суи мошини мо аз автомат оташ кушоданд. Тағоев Абдуназар, ки дар паси чанбарак мошинро идора мекард, аз дасташ тир хурд. Аз ҳолати ба амаломада мо ҳама дар таҳлука афтодем, аммо дар ҳолати шок ба пеш ҳаракат мекардем. Тахминан баъди 200-300 метр роҳ рафтан дар назди купруки шуъбаи дуюм пеши мошинро маҷбур гирифта, моро аз мошин фароварданд. Азбаски Тағоев Абдуназар аз дасташ тир хурда буду хунаш беист мешорид ва сару либосаш ғарқоби хун буду аз дарди шадид нолиш мекард, зориву тавалло мекард, ки моро раҳо кунед. Вале  наҳзатиҳои силоҳбадаст, ин «мусалмонони номусалмон» ҳатто ба ҳоли зори Абдуназари маҷруҳгардида раҳмашон наомада моро зери мушту лағад қарор доданд. Сардорашон амр дод, ки дастони ин «кофирон»-ро паси пушт бо сим бибандед. Ман илтимос кардам, ки майлаш маро ба асорат гиреду А.Тағоевро, ки маҷруҳ гаштааст ҷавоб диҳед то ин ки рафта ҷароҳаташро муолиҷа кунад. Зиёда аз ин, дар хона 2 тифли хурду падари пираш бистарианд. Дар ҷавоб наҳзатиҳои ташнаи хун ҳам маро ва ҳам Тағоеви ҷароҳат бардоштаро бераҳмона шатакорӣ намуданд. Ба дарди ҷароҳати бардошта ва аз зарби лату куби бераҳмона Абдуназар Тағоев тоб наовард ва роҳи халосиро дар фирор кардан диду, якбора гурехт.. Ҳамагӣ 10-15 қадам роҳ нарафта буд, ки хунхорони  наҳзатӣ ӯро аз пушт парронданд. Тағоев дар ҷояш вой гуфту, ҷон дод. Ҳамон қотили хунхор болои сари Тағоев рафта ҷасади беҷони ӯро дашном дода, зиёда аз 20-30 лағади дигар ба сару рӯи мурда зад. Сипас, бо автомат якчанд тири дигар ба ҷасади аллакай ҷон ба ҷаббор супурдаи Абдуназар холӣ карду, пояшро болои ӯ гузошт. Файзиддин Насуров бошад лаҳзаи андармон шудани қотилонро истифода бурду  бо сару даҳони хунолуд тавонист гурезад. Дастони маро бошад паси пушт карда бо сим маҳкам бастанд ва тахминан бист дақиқа мурданивор заданд. Баъди беҳол гаштанам чашмонамро бо латаи сиёҳ бастанду ба асорат бурданд.

- Баъд чи шуд? Ба куҷо бурданд ва чи рузҳоеро аз сар гузарондед?

 

Ман ва тахминан 18-20 нафари комилан бегуноҳи роҳгузарро, ки дар назди ҳамон купруки шуъбаи дуюм гаравгон гирифта буданд бо дастону чашмони баста ба мошинҳо савор карда ба самти номаълум бурданд. Тахминан ним соати роҳпаймоӣ мошинҳоро қарор дода, моро фароварданд ва дар як хоначаи бисёр танг, ки ҳавояш бе ниҳоят гарм буд, маҳкам карданд. Баъд чашмонамонро кушоданду дастонамон паси пушт бо сим бастагӣ боқӣ монд. Ҳамон лаҳза рӯзи сиёҳи мо сар шуд.. Аз субҳ то шом, аз шом то саҳар мезаданду мекуфтанд. Фашист шояд ҳамин гуна ҷабру ситам намекард.. Бениҳоят азобу шиканҷа медоданд. Наҳзатиҳои қотилу хунхор 6-7 нафарӣ, бо навбат даромада бо мушту лағад, бо калтаку ва бо ҳар чизи сахт  моро мезаданд. Аз зарби лату куб ҳамқисматони бо манбуда чунон гиряву зорӣ мекарданд, ки дили санг об мешуд. Азобу уқубати худам як дард, вале азоби ҷонкоҳи дигарон диламро афгор карда буд... Аз сузиши ҷон яке «вой очаҷон» мегуфту дигаре «вой худоҷон».. Аз шиканҷаи беохир ва шаттакориҳои бераҳмона 4-5 нафар ҷавони аз сад гул як гулашон ношукуфта ҷон бохтанд...

Чун шаб рӯз шуд моро берун бароварда қатор карданд дидам, ки аз зарби лату куби бераҳмонаи наҳзатиҳо якеро сар кафида, дигареро даст ё пояш шикаста, савумиро сару руяш ба ҳадди ношинохтанӣ варам карда буд. Хулоса, дар бадани ҳар кадоме ҷароҳатҳои вазнин дида мешуд. Чун ба берун баромадем, дарк кардам, ки мо дар клуби деҳаи Ворошилови н.Бохтар қарор дорем. Дар ин муддат хешу таборони нафарони  дар гаравгонбуда бо ҳар роҳу восита:  яке бо додани пули калон, дигаре бо пайдо кардани шахсони шинос дар байни наҳзатиҳо, хулоса ҳар касе аз руи имкониятҳои худ 8 нафарро раҳо карданд. Мо 6 нафар ва ҷасади 5 шахси фавтида дар ҳамонҷо мондем. Баъди чанде як муллои девсират дар иҳотаи 6 нафар силоҳбадаст вориди ҳавлии клуб шуд ва ҳамаи наҳзатиҳои онҷобуда саросема ба пешвози ӯ давиданд. Баъди «зиёрат»-и он шахс, масъулони «зиндон» ба ҷасади фавтидагон ишора карда, аз он «шайх» пурсон шуданд, ки «ҳазрат, мурдаҳоро чӣ кор кунем»?  Дар ҷавоб он «ҳазрат» бо овози паст амр дод, ки «ҷасадҳоро бурда нобуд кунед». Сипас бо овоз балад таъкид намуд, ки «ҳазрати калонӣ» аз шумо умеди калон дорад ва шумо аз худ мардонагӣ нишод дода фармонҳои ӮРО алайҳи «кофарон» содиқона иҷро намоед. Баъд, назди мо омада ҳар яки моро ба тафсил, аз куҷову чӣ кора то аз кадом авлод буданамон пурсон шуд. Баъди пурсупоси зиёд 5 нафари ҳамқисматони маро бо худ гирфтанду гуфтанд, ки ин «малъунҳоро мо ба ҳаммом мебарем» ва ба ман ишора карда амр дод, ки «ин сагро дар ҳаминҷо нигоҳ доред». Аз «ҳазрати калон» гуфтани он шахси ситорахунук пай бурдам, ки ӯ Саид  Абдуллои Нуриро дар назар дорад. Ҳамин тариқ ман ҳафт шабонарӯз дар клуби деҳаи Ворошилов, дар дасти наҳзатиҳои хунхор дар асорат боқӣ мондам.

 

-Аз рӯи нақлатон он муллои «қассоб»  номи Саид Абдуллои Нуриро ба забон наовард ва танҳо ибораи «ҳазрати калон»-ро истифода бурд. Пас Шумо бо кадом далел гуфта метавонед, ки он нафар маҳз Саид Абдуллои Нуриро дар назар дошт?

 

Ҳама медонист, ки роҳбари асосии наҳзатиҳо С.А.Нурӣ буд ва ба касе ғайр аз ӯ то ин дараҷа «эҳтиром» намегузоштанд. Танҳо ӯ фармони қатл карданро медод ва амр содир мекард. Ҳатто дар сабти видеоие, ки тариқи телевизиони ҳамонвақта намоиш дода шуда буд, Абдулло Нурӣ миёни пайравону ҷонибдорони худ баромад карда, онҳоро ба ҷанг даъват мекард ва мегуфт, ки «агар Шумо тирро қаҷ парронед ҳам, малоикаҳо онро рост бурда дар синаи кулобиҳои кофир мерасонанд».

Ёд дорам, ки баъди ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1999  Саид Абдуллои Нурӣ барои аёдати хешу табораш ба собиқ совхози Туркманистон ташриф овард. Дар қатори дигарон ҳамон шахси «ҳазрати калон» гуфтагӣ дар бари ӯ қарор дошт ва ман ҳамчун муовини сардори ШКД- и ноҳия масъули таъмини тартиботу амнияти он сафар будам он шахсро дида дарҳол шинохтамаш. Дар ҳаминҷо қайд кардан ба маврид аст, ки ҳангоми ба деҳа ворид гаштани Саид Абдуллои Нурӣ пайравону наздиконаш ӯро бо садоҳои баланд бо як овоз «Алоҳ Акбар, Устод Нурӣ роҳбар!» гуфта пешвоз мегирифтанд, ки тақлид ба роҳбарони инқилоби исломии Эрон буд..

-Барои саволи ноҷо узр мепурсам. Гуфтед, ки ҳамқисматони Шумо аз дарди зарбу лат яке зикри номи Худову дигарӣ номи Модарро мекард. Шумо чи садо мебаровардед?

 

Рости гап аз зарби лату куби зиёд одам ҳиссиёташро гум мекардааст. Ман, ки ҳангоми дастгир шуданам зери лату куби шадид ва бераҳмона қарор гирифта будам, ҳиссиётамро аллакай гум карда будам. Аз ҳамин сабаб дигар дардро ҳис намекардам ва умеди зинда монданам ҳам набуд.. тамоми узви баданам осеб дида буд. Аз лабу даҳон, аз гушу бинӣ, ҳатто аз қафоям хун мерафт. Узвҳои даруниям низ кафида буданд.. Вақти шиканҷа диданам танҳо аҳли оилаам пеши назарам буд.. Фикр мекардам, ки баъди ман ҳоли кӯдакону модари пирам чӣ мешуда бошад… аммо ҳамеша дар забону даҳонам номи поки Парвардигор буд…

 

-Шумо дар он зиндони даҳшатовари наҳзатиҳо ҳафт шабонарӯз боқӣ мондед. Дар ин муддат чи рузҳоро паси сар кардед ва чи гуна аз дасти он қотилони ваҳшӣ раҳоӣ ёфтед?

 

Он замон барои онҳо одамкушӣ мисли як «нақшаи пахта» шуда буд, ки бояд ҳар кадоме дар ин кор натиҷа дошта бошад. Ҳама аз паси шикор буданд. Моро бо навбат 4-5 нафарӣ посбонӣ мекарданд. Нафаре миёни онҳо пайдо намешуд, ки моро назанад ва ё аққалан раҳм кунад. Аз задани бисёр ҷоғи поён ва даҳону ҳарду дастам аз китф шикаста буданд. Ҳатто обро озодона ва бе мамониат нӯшида наметавонистам. Вале ба ҳамаи он азобҳо нигоҳ накарда, ягона чизе, ки маро ба раҳо гаштан умедвор мекард ин ба «ҳаммоми Туркманистон» интиқол нагаштанам буд. Зеро 1 нафар посбон ба ман фаҳмонд, ки «бахтат баландӣ карду туро ба ҳаммом набурданд, вагарна очаи зората дар чашмат медидӣ». Ана ҳамин сухан каме дар дилам шуълаи умедро фурӯзон кард. Баъди ҳафт шабонарӯзи дар гаравгон буданам бародару хешу таборҳо баъди даву тозҳои зиёд аз байни наҳзатиҳо шинос пайдо карда, маро раҳо карданд.

 

-Баъди раҳо гаштани Шумо аз гаравгонӣ чунин ҳолатҳо хотима ёфтанд ё баръакс идома дошт?

 

Ба фикри ман мо аввалин гаравгонҳое будем, ки ба дасти наҳзатиҳои аждаҳои аҳримансиришт афтода будем. Ҳамагӣ баъди як рӯзи раҳоӣ ёфтани ман боз силоҳбадастони ҲНИТ ба шуъбаи дуюми ҷ/ш Кирови н.Вахш зада даромада, 26-нафар шахсони комилан бегуноҳро аз қади роҳу аз заминҳои киштзор дастгир карда бурданд, ки аз миёни онҳо ҳамагӣ 3 нафар бо амри тасодуф зинда баргаштанду боқимонда 23-нафар баъди азобу уқубати зиёд бераҳмонаву дастаҷамъона ба қатл расонида шуданд.

Ягон қавми одамизод, фикр мекунам, бо ҳаммилати худ, ҳамхуну бародари худ, ҳамсояву хешу табори худ чунин муносибат накардааст, ки наҳзатиҳо!!! Баъди ин гуна даҳшати гушношунид, ман чунин бераҳмиву безотиро танҳо дар амалҳои «диишиён» дидам, ки фикр мекунам муаллими онҳо наҳзатиҳои тоҷик мебошанд. Зеро, агар барои оламиён «Проекти ДИИШ» хунхортанин, разилтарин лоиҳаи ҷанг бошад, барои ман шахсан «навоварӣ» набуд. Зеро чунин мусибат ва чунин қазия бар сари мани тоҷик аллакай 27 сол пеш омада буд. Ва ин даҳшатро бар сари ман бародари ман, ҳамқишлоқии ман, ҳамқисмати ман, хеши ман, тоҷики ман оварда буд. Ҳамоне, ки ман рӯзи тую сураш хизмат мекардам, мерақсидам, хурсандӣ мекардам, ҳамоне, ки дар марги падару бобояш ғамгин будам, чуби тобуташро медоштам ва зор мегиристам… ҳамоне, ки ман хоҳарамро ба ӯ издивоҷ карда, хоҳари ӯро келин карда будам.… (ин ҷо оби дидаи акои Ҳабибулло беихтиёр ҷорӣ шуду, анбӯҳи ғам дар гулӯяш дармонда буд)

 

- Муҳтарам акои Ҳабибулло, барои суҳбати таъсирбахш ташаккур. Бешубҳа ин саргузашти талх барои дигарон дарси ҳаёт аст. Ин қисса моро водор месозад, ки боз ҳам ҳушёру заккӣ бошем, дубора ба чоҳ наафтем, дустро аз душман фарқ кунем, фирефтаи дасисаву таблиғоти хоинон нашавем. Бигзор  ҳеҷ кас он рӯзҳои шумро набинанд. 

 

Ба Шумо низ ташаккур. Бигзор ин гуфтаҳо малоли хотири касе нашавад, зеро ин ҳақиқат буд. Ҳарчанд, пешвои муаззам аз ҳама гуноҳҳо гузаштаанд, лек баъзе нохалафон инро нодида мегиранд, ин сулҳи нотакрору бемисли моро пеши по мезананд. Инак, ки зарурияти ин огоҳсозиҳо пеш омадааст, барои худ қарз шуморидам, ки ин дарди ниҳони худро расонаӣ кунам. Бигзор ҳамагон, махсусан насли ҷавони тоҷик инро бидонад. Инро ман бояд мегуфтам, зеро:

Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст…

 

Мусоҳиб: Одилҷон Маҳмадов

Миёни мо ҳаме кина набояд,

Ки кин бо дўстон неку наояд.

Фахриддини Гургонӣ

Таассурот оид ба навиштаи  «Пайвандони Ҳайдар Қосимов: «Қатли Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ҳалқае дар занҷири кушторҳои чеҳраҳои саршинос аз ҷониби наҳзатиҳост».Ҷумҳурият, 14-ноябри соли 2017. № 232.

        Одамон давоми солҳои  сипаришуда оиди инқилобҳо ва таърихи давлатҳои гуногун маълумотҳои зиёде гирифта бо раванд  ва сабабҳои бавуҷудоии давлатҳо, аз байн рафтани онҳо, бо қувваҳои ҳаракатдиҳанда,равандҳои таъсиррасонандаи хориҷӣ, буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ, сабабу натиҷаҳои корҳои ба сомон расонида ошноӣ пайдо намудаанд.Баъди таҳлили ҳар ҳодисаву воқеа, хулосаи таърихнигорон ҳамин аст,ки ягон ҳодисаву воқеа ва руйдодҳои таърихӣ худ аз худ ба вуҷуд наомада балки омилҳо, сабабу ҳолатҳо ва қувваҳои алоҳидаи манфиатҳоҳ аз камиву костӣ ва дигар манбаъҳо сиистифода намуда, дар охир мақсадҳои ѓаразноки худро амалӣ менамоянд.Мақоли маъмуле миёни ҷомеа маълум аст, ки «шохи дарахт беҳуда намеҷунбад».Дар ягон давру замон, дар ягон кишвари дунё табаддулоту инқилобҳо дар ҷои холӣ, ҳамту ба миён наомадаанд.Ба онҳо гуруҳ ва шахсони алоҳида, бо мақсаду маром, бо сарпарасту маблаѓҳои бениҳоят калон, аз руи нақшаҳои тарҳрезишуда амалӣ мешаванд.Дар рафти амалишавии он ҷони азизи ҳазорҳо нафар одамон аз даст рафта, мардум бе хонаву ҷой, кўдакон ятиму модарон бе шаҳвар ва бадбахтиҳои зиёде аҳли ҷомеаро фаро гирифта, касративу норасогӣ, ва ноадолатиҳои бекарон мардумро дунболагирӣ менамоянд.Дастандаркорони ин раванд ва ҳаракатҳо дар тули солҳо таҷрибаи калони корӣ андўхта ин тамоюлро ба тиҷорат (бизнес) табдил додаанд.Ин раванд маъмўлтарин корест ки хоҷагон бо воситаи «табақлесон»-и дохила дар ин ва ё он кишвари дунё амалӣ месозанд.Воқеаҳои нангину фоҷеабори ба сари мардуми Тоҷикистон омадаи авали солҳои навудум, ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997, хиёнат ва дасисаҳои Маҳмуд Худойбердиев, кушиши табаддулоти давлатӣ намудани Ҳоҷӣ Ҳалим ва ба воситаи хоҷагон, истифода бурдани минбарҳои калони исломӣ аз тарафи намояндагони собиқ ҲНИТ ва дар ин замина бурдани ҷанги идеалогӣ, аслан нақша ва дурнамоҳои барномаҳои тарҳрезишудаи душманони миллату давлати мо буда бо дастгирии кишварҳои хориҷа руи кор омадаанд.

     Баъди мутолеаи мақолаи «Пайвандони Ҳайдар Қосимов; «Қатли Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ҳалқае дар занҷири кушторҳои чеҳраҳои саршинос аз ҷониби наҳзатиҳост».(Чумҳрият.14-ноябри соли 2017.№ 232.) бори дигар вазифаи шаҳрвандии худ ҳисобидам, ки фикру ақидаҳои худро бо чанд ҷумла манзури хонандагони азизи кишвар намоям.Аслан таҳлилу баррасӣ ва пешниҳоди фикр чандон мушкилие надорад, аммо хуб мебуд ҳар нафар зимни тҳлил ва баррасӣ, манфиатҳои шахсии худро як тараф гузошта зиёдтар бахри оромиву якпорчагӣ, ваҳдату ободӣ, инкишофу тарақиёти Ватан, ояндаи дурахшони фарзандон, амнияти саросарии кишвар ибрози ақида намуда, мулоҳиза нуқтаи назар ва пешниҳодот бояд холисонаву беѓаразона иброз карда шавад.Қонунҳои ҷории Тоҷикистони азиз низ мухлоифи ин раванд нест. Аммо, мақсад ва мароми ман  имрўз бори дигар сари андеша фуру рафтану манзури аҳли ҷомеа сохтани саҳву хатоҳо, камбудиву норасогиҳо ва хулоса намудан аз он ки иддае дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва имрўз низ қисмати ночизе аз ҳамватанони мо басо  фиребхурдагонанд, мавриди суҳбат қарор дода, боридигар  он ҳолатҳое, ки  қисмате аз ҳамватанони мо бо дасти ифлоси хориҷиён ба сари мардум бадбахтӣ оварда, зомини рушду нўмуи кишвар ва қатли ҳазорҳо ҳамватанони бегуноҳи мо гаштаанд, боридигар ёдовар шавам.

 

           Ҳақиқат он бувад, ки мо басе фиреб хурдаем,

           Ду саф, ду пора гашта, айбу ҷурми ҳам шунидаем,

           Дигар чи ҷои баҳс, мурдаем ё намурдаем

           Ватан! Гуноҳи ҷумла тоҷикони хешро бубахш,

           Ватан! Гуноҳи миллати Ватанпарешро бубахш!

 

       Бахшишу гузашткарданҳо роҳи аз ҳама фарроху ростин байни бародарон буд, амлӣ шуд.Сари болои тоҷикон аз фарҳанги воло, омехта ба писандидатарин ва марѓубтарин арзишҳои инсонӣ, ҳидоятгарӣ аҳли ҷомеа гашта, тавону зурмандиамон дод,Ин буд, ки мо ҷавонмардона сўи ҳам дасти мардиву эътиқод, дасти дустиву рафоқат ва Ваҳдат дароз намудем.Дар таҷрибаи таърих беназиртарин корро сомон додем.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаро бахшид, ба хотири оромиву осудагии кишвар, ба хотири фардои дурахшони ин миллату сарзамин.Пас чаро иддае боз носипосиву курнамакӣ намуда, теша ба пояҳои истиқлолияти давлатӣ зада истодаанд.Минбарҳои гуногуни итилоотиву сиёсӣ ва диниро интихоб намуда берун аз Ватан даъвои ватанхоҳӣ намуда, ибрози ақидаҳои тарҳрезишуда  ва сиёҳ сохтани миллату давлатро доранд.Онҳо муқтадиру тавоно нестанд, на аз ҷиҳати сиёсиву на аз ҷиҳати акл ва зеҳн.Онҳо иҷрокунандаанд, монанди нақшофарии ҳунармандон дар таҳияи «коргардонҳо», монанди нафаре ки рақс менамояду моҳияти ҳаракат ва мазмуни рақсашро намефаҳмад.Монанди нимчамуллоҳое, ки пораҳои Қуръони Маҷидро қориёна аз худ намудаву дарки маънӣ намекунанд.Мутолеаи асари Виктор Гюго «Одаме, ки механдад», барои ҳамагон аз манфиат холӣ нест. Матбуоти Ѓарб, аниқтараш журнали «Шпигел» менависад, ки; «Мусулмонҳо аҷиб инсонҳо ҳастанд.Онҳо монанди соатҳои механикианд.Мурваташонро то ҷои лозима омода ва пур намоед бе ист кор иҷро менамоянд».Ин нуқтаи назар ба қисмате аз сокинони Ватани мо низ таалуқ дорад.    

Аммо чи бояд, кард ки тамоми ҷомеа аз кўдакону наврасон сар карда то ҷавонону пиронсолон, ҳама новобаста аз тоҷиру ронанда, деҳқону коргар, муҳоҷиру варзишгар, зиёиву табиб, мувоҷеҳи он бошанд, ки дубора саҳву хатоҳоро  мо ҳамагон такрор накунем! Ба карахтиву барҷомонии иддае аз аҳли ҷомеа чи чораандешӣ намоем? Баръло мебинем, ки нафароне чашм аз кирдорҳои ҳасудон гурезонида, гушро ношунавою мушкилот мушкилоти ман нест гуён бетарафиро ихтиёр менамоянд.Солҳои навадуми асри гузашта маҳз хамин бетарафиҳо ва аз ҷиҳати фардӣ ва сиёсӣ, таҳлили амиқ накарданҳо, нисбати ҳар даъвату гуфторҳо бе хулосагирии аниқ равон шуданҳо буд, ки кишвари азизи мо оѓуштаи носозгориҳо ва оқибат ба ҷанги таҳмилӣ кашида шуд.

Он бадбахтиву нобасомониҳои ба сари мардуми Тоҷикистон омадаро наметавон бо ягон хел маблаѓ ҷуброн намуд.Мо метавонем андешамандона аз таърихи талхи худ сабақҳо гирифта. ояндаи дурахшони фарзандонамонро барпо намоем. «Инсон танҳо бо роҳи тарбия инсони ҳақиқӣ шуда метавонад». (И.Кант) Їмрўз зарур аст, таълиму тарбияро аз оила оѓоз намоем, зеро «Оила муҳити аввалинест, ки дар он инсон бояд накўкорӣ карданро омўзад».(В.А.Сухамлинский.) Сипас онро дар боѓча, марказҳои инкишофи кўдакон, муассисаҳои талимӣ, техникуму коледжҳо, донишгоҳу донишкадаҳо дар корхонаву муассисаҳо, масҷиду қасрҳои фарҳанг, толору варзишгоҳҳо, хулас дар ҳама ҷо ва ҳамавақту доимӣ ҷонок намоем. Идеалогияи дурусти ҳамзистии осоиштаро дар маѓз- маѓзи кўдакону наврасон, ҷавонону аҳли ҷомеа дуруст ҷой намуда, такя ба фарҳанги қадиму адабиёти ѓанӣ намуда, истеъдоди азалиро инкишоф ва ѓайрати адонашавандаи эҷодии миллатро ҳамеша дар ҳоли рушд нигоҳ дорем. Агар, тамоми сокинони ҷомеа, комилан дурусту бовиҷдонона паи ислоҳи камбудӣ ва пешравии ҷомеа гарданд, мо метавонем дар ҷомеа сулҳу салоҳи комил ва инкишофи ҳамаҷонибаи тамоми равандҳои ҷомеаро таъмин намоем.Дар ин росто зарурияти амиқи фаҳмиши инсонгарёна аз ҳама муҳим буда, дарки ҳаққоният ва воқеият дар баробари ҳамаи масоилҳои рўзмарра дар мадди аввал меистад.  

Воқеаҳои дар солҳои навадум рўх дода аз хориҷи кишвар роҳадозӣ шуда мардуми ноогоҳу зудбовари моро бераҳа намуданд.Он замон бо ҳар роҳу восита намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои нав, роҳи иртиҷоиро пеш гирифта, зери шиорҳои мухталиф, аз қабили барои «фарҳанги аҷдодӣ» тамоили эронпарастиву бунёдгаронаи диниро авҷ гиронда, пояҳои сохтори сиёсии ҷумҳуриро дар ҳамон вақт давра ба давра суст ва фалаҷ менамуданд ва имрўз низ ин раванд пардапўшона бо роҳу василаҳои дигар кору амалиёт намудаистодаанд.

Дар раванди омодасозиву дигаргуниҳо ва бозсозии ҷомеа, ба майдон демократҳо ва исломиён омада, истифода аз барҷомониҳо, барномаҳои тарҳрезишудаи худро паи амал қарор доданд.Ба бадахтии миллати мо тамоми намояндагони собиқ Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ моликияти меросмондаро тақсим ва азони худ менамуданд.Мо бошем ба даъвоҳои авомфиребонаи иддае аз «ватанхоҳон» гуш дода, «Мулки ѓоратзадаро, ѓорати дигар кардем, Сарварӣ хоставу сарбуриро сар кардем». (Л.Шералӣ)

12-декабри соли 1990 аз тарафи Шўрои Олии РСС Тоҷикистон қабул шудани қарор «Дар бораи Иттиҳодияҳои ҷамъиятии РСС Тоҷикистон» роҳи фарроху баромаданро аз фаолияти пинҳонӣ ба як қатор  ҳизбу созмонҳо муҳайё намуд.Дар камтарин муддат Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати ислом, созмони «Лаъли  Бадахшон» ва Қозиёти ҷумҳурӣ бо ташаббус ва дастгирии ҳамаҷонибаи хориҷиён «Ситоди  наҷоти  Ватан»-ро ташкил дода вазъро дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе мутташаниҷ сохта, заминаҳои ҷанги шаҳрвандиро ба миён оварданд.Руи кор омадани ҲНИТ ки  асогузорну маблаѓгузоранаш, мухлисону тарафдоронаш хориҷиён буданд, дар манотиқи вазъдоштаи бисёр муфиди ҳамонвақтаи Тоҷикистон барои наҳзатиён, аз назари коршиносон фаолиятро оѓоз намуда, диққати ҳар чи бештари мардумони ноогаҳро ба худ ҷалб намуданд.Бе даъвати расмӣ, шаҳрдори Санкт-Петербург Анатолий Собчак  ва академики соҳаи физикаи ядроӣ Евгений Велихов рўзҳои 6-9 октябри соли 1991 ба Душанбе омада вазъро дар баробари намояндагони Эрон ва Афѓонистон як бора вазнину тоқатфарсо намуданд.Барканор намудани пайкараи В.И Ленин аз шаҳри Душанбе бо таври вандалона мавқеи сиёсиро дар қаламрави кишвар дигаргун намуд.

Баъд аз воқеаҳои фоҷеабори моҳи феврали соли 1990 ҲНИТ пурра аз пинҳонкорӣ баромада, мунтазам байни шаҳрвандон корҳои сиёсиро оѓоз намуд.Оѓоз аз моҳи майи соли 1992 муқобилистии думоҳаи майдонҳои Озодӣ ва Шаҳидон ба ҷанги бемаънии бародарон табдил ёфт.Иѓвоҳои сиёсӣ, гаравгонгириҳои намояндагони мардумӣ, ноадолативу сиёҳкуниҳои беасос аз рўи сенарияҳои пешаки бо  дастур ва роҳандозии хоҷагон ба оѓози задухўрдҳо ва ҷанги шаҳрвандон асос гузошт.Дар кутоҳтарин муҳлат ҳазорҳо одамони бегуноҳ ҷони худро аз даст дода, садҳо ҳазор бехонумон гардиданд,Ин ҷанг зиёдтар аз 10 миллиард доллари амрикои ба хоҷагии халқ зарар расонид.Даҳсолаҳо раванди тараққиёти мамлакатро боз дошт.Сари муҳаррик ва ҷамбараки ин ҳаводису бадбахтиҳои таҳмилшуда киҳо истода буданду, имрўз низ «ҷон» коҳонида истодаанд, ба ҳама маълум аст.Намояндагони ҲНИТ дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаи дастурҳои хоҷагони худро бе чуну чаро иҷро менамуданд, зеро маблаѓҳо ва имтиёзҳо онҳоро намегузоштанд, ки супоришҳоро иҷро накунанд.Ин ҷо бори дигар иброз медорам, ки ин намояндагон аз мактаби давлатсозии миллӣ огаҳӣ надошта бо назари  танги сиёсиву идеалогӣ ва фикриву фарҳангӣ, мафкуравию ахлоқӣ, имрўзу ояндаи худ ва атрофиёнашонро доѓдору сиёҳ намудаанд.

                Дод, сад дод аз ин хидмати фарзандии мо,

                Оҳ, сад оҳ аз ин хешиву пайвандии мо,   (Л.Шералӣ)

                                                                           

Барои гуреза кунонидани табақаҳои ҷомеа, пеш аз ҳама минтақаҳои даргири ҷануби мамлакат ин ҳизб кўшишҳои зиёде намудааст.Аз руи маълумотҳои дақиқ намояндагони ҲНИТ дар байни одамон хусусан ноҳияҳои осебпазир ташвиқу тарѓиби зидди ҳукуматӣ намуда,дар баъзе ҳолатҳо махсус одамони пешқадам, кормандони давлатӣ ва наздикони онҳоро бо таври махфӣ террор ва шиканҷа дода ин кирдорҳоро ба кормандон ва органҳои давлатӣ нисбат дода, ба ҳар роҳу восита ба дили онҳо тарсу ваҳм ва нобовариро зиёд намуда, ташвиқ менамуданд, ки аҳолӣ ҳар чи зиёдтар ба хоки Афѓонистон гузаранд.Ин тадбир ду масъларо ҳал менамуд. Аввалан гурезагон ҳар чи зиёд шуданашон нобовариро нисбати Ҳукумати Тоҷикистон зиёд намуда аз тарафи дигар дар хориҷа маѓзшўии онҳо осон ва ҷалби онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро айни муддао буд.Аз тарафи дигар онҳо ният доштанд, ки аз ҳисоби мардуми водии Қаротегин ва Дарвоз баъдтар тарафдорони худро зиёд намуда, бо убур аз сарҳад, давлати исломиро дар Тоҷикистон барпо намоянд.Бино бар ин то рафтани гурезаҳои тоҷик дар ноҳияҳои Афѓонистон лагерҳои махсус барои қабули шаҳрвандони тоҷик омода мегардиданд.Ин ҷо баръло эҳсос мегардад, ки хоҷагони хориҷа бо чи «заҳматҳову талошҳо, меҳрубониҳову чашмитизориҳо» барои мардуми гуреза шароит омода намудаву пешкаш кардаанд.Кормандони махсуси ҷабҳаҳои хориҷӣ ҷавононро аз байни тудаи гурезагон интихоб намуда барои «илмомўзӣ» ба мадрасаҳои Афѓонистон ва Эрон ирсол намудаанд.Дар мадрасаҳо ба таълими ҳарбӣ, аз ҷумла истифодаи яроқҳои ҳозиразамон, омўзиши технологияи алоқаи махсус, ҳолатҳои корҳои диверсионӣ ва кори идеалогӣ дар мадди аввал меистод.Бо мурури замон шакли ҷалб таѓир ёфта, роҳу василаҳои он вобаста ба шабакаҳои интернет тагир ёфтаистодааст.Барои «беҳтаринҳо» имтиёзҳои гуногун, маблаѓҳои пулӣ, планшет, кампютерҳои моделҳои охир, сару либос ва дигар шароитҳо муҳайё гардонида мешуд.Ба «толибилм»-они муҳоҷир ва даъватшудагон чунон муносибат менамуданд, ки онҳо роҳи дигари ивазнамудани мафкурра ва интихоби дигар ҷизро  надоштанд.Баъди хатм онҳо ба воситаи намояндагони худ, тамос пайдо менамоянд ва чун занҷири пайваста ҳар нафар «аъзо» бояд панҷ нафар аъзои ҷадидро ба ин гуруҳҳо шомил созад.Он ҷо маѓзшўии «толибилмон» оѓоз шуда, барои даҳсолаҳо идеологҳои худро омода намудан яке аз вазифаҳои ниҳоии ин ҳизб ба ҳисоб меравад, ки ба зарари инсонҳо дар ин ҷода мувафақ низ шудаанд.

  Тулии солҳои сипаришуда мардумони шарафмади кишвари азиз, пурра дарк намуданд, ки мо ба муҳимтарин дастоварди башарӣ-сулҳу суббот ва амнияту ваҳдат бо заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон расидем, ба қуллаи мурод.Дар ин кори сангину мушкилтарин тамоми мардуми кишвар дар паҳлуи Сарвари давлат истода, талош ва кушиш намуданд, ки бардарон ба ҳам оянд.Имрўз мо бо эҳсоси баланди Ватанҳоҳи бояд сарчамъона ин дастоварду музафариятҳои хешро чун гаҳвараки чашм дифоъ намем.Набояд халқи азизи кишвар ба дасисаву суханбозиҳои  наҳзатиён гўш диҳанд.Зеро «кур як маротиба асояшро гум мекунад», дубора гум кардани асо, маънии ба фано расиданро дорад.

Меоем ба қисмати нигоштаҳои «Пайвандони Ҳайдар Қосимов: «Қатли Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ҳалқае дар занҷири кушторҳои чеҳраҳои саршинос аз ҷониби наҳзатиҳост». Иборзи он, ки «пайвандон ва дўстони Қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон Ҳайдар Қосимов, иддао доранд, ки ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи ў ҳалқае аз занҷири  кушторҳои силсилавии чеҳраҳои саршиноси тоҷик аз ҷониби ҲНИТ дар солҳои 90-уми асри гузашта аст.Онҳо мегуянд, ки Ҳайдар Қосимовро низ дар қатори Сафаралӣ Кенҷаев, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Муҳиддин Олимпур, Минҳоҷ Ѓуломов, Исҳоқӣ ва дигар ходимони маъруфи давлатию ҷамъиятӣ афроди дастнишинони ҲНИТ ба хотири ангеза додани ҷонибҳои даргир ва ба шўр овардани мардуми осоишта ба қатл расониданд.»

Айни ҳол ёдам давраҳои мактабхониро саҳифагардонӣ намуда омўзиши таърихи давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ пеши чашмам ҳувайдост.Солҳои ҳафтодуми асри гузашта, давраи рушду тараққии давлати овозадори СССР буд.Дар мактабҳо, хар як синф бо номи (отряд) шахсони бузург, аз ҷумла бо номи Қаҳрамонҳои СССР номгузори шуда будаанд.Номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов мансуби синфи мо буд.Дар вақти линейкаҳои тантанавӣ ҳолати (рапорт) муаррифии отрядҳо бо завк ва фахр сардори отряд бо овози баланд : «отряди ба номи (мо ҳама якҷоя) Ҳайдар Косимов гуён, баланд садо менамудем…,

Мехостам иқтибоси дигарро аз китоби «Таърихи РСС Тоҷикистон», нашриёти «Маориф», 1986 саҳ 102 манзури хонандагон гардонам: «Дар ҷангҳо  баҳри Днепр  ҷанговари миномиётчӣ Ҳайдар Қосимов корнамоии далерона нишон дод.Дар айни  авҷи аз дарё гузоштан вай командири захмдоршударо иваз намуда, ҷанговарон, хўрокворию аслиҳаро бо маҳорат ба соҳил гузаронда, ба душман оташ кушод.Гитлерчиён қарор доданд, ки бо кадом роҳе набошад, плацдармро нобуд кунанд.Ба гурўҳи аскарони мо артиллерия ва авиацияи душман паси ҳам зарба мезад.Ҷанговарони советӣ ҷасурона ва суботкорона худро муҳофизат менамуданд, вале сафи онҳо кам мешуд.Ҳайдар Қосимов ба муқобили душмани сершумор танҳо монд, бо гранатаҳо душманро зада мегардонд.Ниҳоят худаш маҷрўҳ шуд.Дере нагузашта ёрӣ расид.Плацдарм дар дасти аскарони мо монд.Моҳи сентябри соли 1943 ба Ҳайдар Косимов номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд».

Мақсад аз овардани иқтибоси мазкур аз он иборат аст, ки Ҳайдар Қосимов дар баробари дусад  ҳазор фиристодагони мардуми Тоҷикистон. далериву қаҳрамони нишон дода соҳиби номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ гардидаст ва ин шарафмандӣ ва ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон маҳсуб меёбад.Дар баробари Ҳайдар Косимов 54 нафара Тоҷикистониён ба ин унвони пуршараф ноил гаштаанд, ки аз  ин  шумора танҳо 14 нафарашонро тоҷикон ташкил медоданд.Аз шумораи умумии ҷанговарони тоҷикистонӣ зиёда аз 59 ҳазорашон дар муҳорибаҳои шадид ҷони худро аз даст додаанд.Он давраҳои мудҳиш низ мутаалиқ ба таърихи мост.Мо ҳуқуқи маънави надорем, ки нисбати гузаштагонамон носипосӣ намуда, ҳама  ҷизро инкор намоем.

Дар сини 71-солагӣ аз дасти ҳаммиллатони  худ ба таври ваҳшиёна куштани як нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ хеле нангину ноҷавонмардист.Агар он нафарон заррае ифтиҳори милливу нангу номўси Ватандорӣ медоштанд, ҳеҷ гоҳе ба ин ҷинояти разилона даст намезаданд.Ҳайфу сад ҳайф  ки он замон қисмате аз ҳамватанони мо натанҳо ҳисси миллӣ надоштанд, инчунин бо иллати асосии ноогаҳӣ қарор доштан дар буҳронҳои  сиёсиву фикрӣ, ахлоқӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ, таъсиргузор ба ҳама самтҳои зиндагӣ ва фаолияти рузмара, дучори нокомиҳову бадбахтиҳо  қарор гирифтем.

Лоиқ Шералӣ бо сад дарду ҳасрат, он лаҳзаҳо барҳақ иброз дошта буд;

               Ману  ту ё туву ман? Хуб, чӣ коре кардем?

               Бо дили халқ чӣ сон гуфтугузоре кардем?

               Чӣ навӣ дар бари ин кўҳнадиёре кардем?

               Ҳеҷ! Гулзори Ватанро чу мазоре кардем

               Халқи ѓафлатзадаро сахт ба танг овардем,

               Аз сари роҳ варо бар сари ҷанг овардем

                Чун ба ҳукми дигаронем, амон аз ману ту! .

               Баски фарҳанг надорем, амон аз ману ту!

 

Олӣ мубуд агар имрўз иддае аз ҳамватанони мо, ки зиёдтар аз хориҷи кишвар ҳангомаи Ватанхоҳӣ ва «обод»-ии кишвар менамоянд аз хукми хоҷагон берун шаванду рўй ба адолату маърифат оварда, шукрона аз Ватани озоду соҳибихтиёр намоянд.Мо ҳамагон фаромуш насозем, ки масъулият барои ободиву пешрафти Ватани  аҷдодӣ бар дўши ҳар кадоми мо қарор дорад.Агар мо дар ҳақиқат хоҳони пешравии Ватани азизамон- Тоҷикистон бошем, дар оянда ободу осудагӣ, ваҳдату амнияти комил, инкишоф, тараққӣ ва пешравии босуръти онро дидан хоҳем, имрўз  кинаву ѓаразҳоро аз дилҳо дур намуда барои фарзандонамон шароит муҳайё намоем.Танҳо татбиқи пурра ва ҳамаҷонибаи вазифаҳои муҳими дар пеш истода ба мо имкон медиҳад, ки ҳамагон ба ҳадафҳои миллии хеш дар ҳама самтҳо ноил шавем.

 

 

                                ЮСУФИ   АСРОРИЁН

                                     Ноҳияи Ёвон

          Барои  шинондани як  дарахт  арақи  ҷабин  мерезӣ ва  то  баромаданаш  заҳматҳои  пайваста  мекашӣ. Аммо  барои кандану  аз  байн  бурдани  ҳамон  дарахти  шинондаат  танҳо  чанд  сония  лозим  асту  халос.  Мавҷуд  доштану  аз  байн  бурдани    миллат  низ  танҳо  шабеҳи  ҳамон  як  дарахтро  дорад.Танҳо  тавофуташ  дар  он  аст,  ки  агар  дарахтро  об диҳиву  парваришаш  намоӣ,  решааш  мустаҳкам  мегардад  ва  канданаш  душвор  мешавад  ва  ё  нафаре  пайдо  мешаваду  ҳамаи  заҳматҳои  кашидаатро  нодида  мегираду  дарахти  парваридаатро  решакан  карданӣ  мешавад.  Боре  намеандешад,  ки решааш  мустаҳкам аст.  Ҳастанд нафароне,  ки  барои нооромии мамлакате  кӯшишҳо  мекунанд, аммо  аз  он намеандешанд, ки  рӯзе худ  низ  мубталои  чунин  қазия  мегарданд. Дар  ҷанги  шаҳрвандии Тоҷикистон  кишвари  ҳамзабони  мо-Эрон тибқи  ахбори  расонаҳои итиллотӣ даст  дошт. Аммо  бо  гузашти  рӯзҳову  солҳо  ин қазия  бо  кӯшишу  ғайрати  фарзанди фарзонаи миллат-Эмомалӣ  Раҳмон  бо  сулҳу  ваҳдати  тарафайн  анҷом  ёфт.  Имрӯз  бошад, чоҳканҳо  зери  чоҳ  афтидаанду  мардуми Эрон тазоҳурот  бардоштанд. Бархе  ҳукуматро  гунаҳгор  медонаду  баъзеи  дигар мардумро. Аммо  аслашро  то  ҳануз  касе  намедонад. 

          Аммо  мо  миллати  тоҷик  бадхохи  кассе нестему  пайваста  дар  роҳи  рости  худем.  Андеша  аз  он  мекунем, ки  мо  миллати  тамаддунофарему  бояд  теша  ба  решаи  худ  назанем, балки  кӯшиш  намоем  то  муаррифгари  худ  дар  арсаи  ҷаҳонӣ  гардем.  Ин  олами  бевафо  ба  кассе  вафо  накардааст, чаро  дар  дурӯза  умр  аз  пайи  кинаву  нафрат у бадхоҳӣ  мегардем. Аммо  он  нафаре, ки  имрӯз  пайи  нобуд  кардани  нафаре  ҳаст,  ҳатман  ки  худ  нобуд  мешавад. На  ба  таври  осон,  вале  ба  таври  зиндаи  дар кафанмонда.  Андеша  аз  он  бояд  кунем,  ки чаро  мо  миллати   тоҷбарсару  тоҷдор  аз пайи  ким-кадом  нафари  бегона  гардем  ва  ғуломи  кассе  шавем, ки шоистаи  эҳтиром нест  ва  замоне  ӯ  ғуломи   мо  буд.  Дилам  бар  точике  месӯзад,  ки  имрӯз  аҷдоди  хешро  фаромӯш  сохтааст.  Вой  бар  ҳолат,  эй  ҳамватани  дарғафлатмонда. Бархезу  андеша  кун,  ки  ба  сӯйи  кӣ  силоҳ  бардоштаӣ,  киро  таҳқир  мекунӣ. Киро  ғайбат  месозиву  аз  номи   кӣ  гап  мезанӣ.  Ҳайф  бар  ту.  Ҳайф  бар  шири  поки  хурдаат. Ҳайф  бар  ҷое, ки  қадам  мемониву  ҳайфи  номусу  нангат. Ҳайф  бар  ту эй  соҳибватани  беватан.

Ҳазар аз “соҳибватан”-они беватан

            Чанде пеш тариқи расонаҳои иттилоотии кишвар суҳбати хабарнигори АМИТ «Ховар», бо як тан ҷавонмарди тоҷик Собиршо Ҳасанов, ки қурбонии навбатии хиёнату дасисаҳои гурӯҳҳои хиёнаткору ифротии ТЭТ ҲНИТ ва «Гурӯҳи 24» шудааст, интишор шуд. Дардовар он буд, ки Собиршо худаш танҳо не, балки бо оилааш ҳамсару фарзандонаш зери азобу шиканҷаи чанд тан ноҷавонмардони аъзои гурӯҳҳои ифротии номбаршуда қарор гирифтанд. Вақте ки ин матлабро мехондам, аз аввал чандон чизи нав нанамуд. Чунки мусоҳибаи журналист бо Собиршо Ҳасанов низ бароям маълумотеро медод, ки қаблан барои аксарият маълум буд. Яъне ҳамон роҳҳои ҷалб кардану гумроҳ сохтани гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар амалҳои ноҷавонмардонаву беинсофонаи афроди ҷиноятпешаи ин гурӯҳҳо.

        Аммо вақте мутолиа кардам, ки чӣ гуна гурӯҳе аз «ҷавонони тоҷик», ки муқими давлати Туркия мебошанд ва аз мухлисону ҳаводорон ва аъзои «Гурӯҳи 24» ва ТЭТ «ҲНИТ» будаанд (ибораи Собиршо Ҳасанов, ки аз номи Саъдӣ-узви «Гурӯҳи 24» гуфтааст.), бо олоти оҳанин (арматур)-у чӯбин (калтак) ва кордҳо омада, Собиршоро зери лату кӯб қарор додаанд, натавонистам, ки худро ба даст гирам. Беихтиёр оби чашмонамон равон шуд. Чаро равон нашавад? Равон мешавад! Зеро ман як фарди тоҷикам, як Тоҷикистониям! Барои ҳар нафар тоҷик ва Тоҷикистонӣ дилам месӯзад. Қалбам пораву ҷигарам чок шуд, ки бародари тоҷикам ба азобу шиканҷаи ин инсонҳои даррандасифат гирифтор шудааст. Ончунон оташи нафратам боло гирифт, ки мехостам, ҳар ҳарфе дар ҳаққи ин афроди ҷинояткор бигӯям. Аммо ман ва ҳар фарди тоҷикистонӣ аз ин одамсуратони ноодам фарқ дорем. Мо бадзабон нестем. Мо бераҳм нестем. Мо беимону бевиҷдону беинсофу... нестем! Мо қалби пур аз меҳру муҳаббат пур аз ишқу вафо дорем. Мо виҷдону инсоф дорем. Аммо ин афрод ин чизҳоро надоштаанд.

        Барои ин «тоҷик»-ҳое, ки чунин амалҳои зиштро анҷом медиҳанд ва боз дар ҳаққи бародарону хоҳарони ҳамватани худ, ҳеҷ дилам намесӯзад. Намехоҳам, ки тоҷикашон гӯям, намехоҳам, ки тоҷикистонияшон гӯям. Зеро тоҷик нангу номус ва шаъну шараф, виҷдон, инсоф дорад. Аммо дар ниҳоди ин гурӯҳ одамон чунин муқаддасот заррае ҳам вуҷуд надоранд. Онҳо «соҳибватанон»-и беватананд!     

       Ин гурӯҳҳо ва аъзои он ҳамеша иддаои онро мекунанд, ки «соҳибони аслии Ватан» ҳастанд. Аммо як суол! Кадом соҳиб ба Ватани худ ва ба ҳар чизи дигаре, ки худро соҳиби он медонад, чунин бераҳмӣ ва беинсофӣ ё хиёнат мекунад? Дар баромадҳои худ мегӯянд, ки «ҳамватанони азиз…» «бародарону хоҳарони гиромии тоҷик…» ва ҳар гунае, ки мехоҳанд, хитоб мекунанд ба омма тариқи расонаҳои иттилоотии интернетӣ. Акнун саволи дигар: кадом ҳамватан ба ҳамватани худ бадӣ мехоҳад ва ба ӯ зиён мерасонад? Кадом бародар ва ё хоҳар ба бародару хоҳари худ чунин рафтори разилонаву ғайриахлоқиву ғайриинсонӣ анҷом медиҳад? Акнун, шумо ноҷавонмардони ватанбезору миллатбезор, бигӯед, ки ин амалҳои наҳсу шуми шумо ба кадом меъёрҳои ахлоқиву динӣ рост меояд?

       Бояд барои ҳар як кадоматон бигӯям, ки шумо ҳаргиз наметавонед, тинҷиву осоиштагӣ ва амнияти ин Ватан, ин миллати шарафмандро халалдор созед! Дасти шумо кӯтоҳ аст! Шумо хиёнаткоред! Хиёнаткор ба Ватан, ба миллат ва ҳатто ба кулли башарият! Шуморо инсоният намебахшад! Ҳеҷ гоҳ! Инро бояд донед ва ҳаргиз фаромуш накунед!

 Суннатулло Эмомов ва Ибодуллозода Далер, донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики ДДҚ ба номи Носири Хусрав

АМНИЯТ ВА БАҚОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

 Аз ҷумлаи масоили асосие, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат, Пешвои муътабари миллат қайд гардид, таъкиди нооромии вазъи сиёсии ҷаҳони муосир буд. Дар ҳақиқат, масъалаи мазкур на танҳо огоҳмардони кишвари моро, балки тамоми мардуми ҳушманди дунёро ба ташвиш овардааст, чунки асоси тамоми комёбиву муваффақиятҳо, таҳаввули илму техника, рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни саноат ва хоҷагии қишлоқ ва дар маҷмӯъ, фароҳамсозии зиндагии ободу осуда ва хушу хурсандонаи мардум ба амният ва осоиштагӣ вобастагии қавӣ дорад. Тавре Сарвари мамлакат таъкид карданд, аз ҷумлаи мамолики гуногуни дунё буданд давлатҳое, ки саноати баландпоя ва иқтисодиёти пешрафта доштанд ва шароити зиндагии мардуми касбу кори мухталифи ин мамлакатҳо хеле хуб буд. Вале бар асари нооромиҳои сиёсие, ки дар ин мавзеъҳо сар зад, дар як муддати хеле кӯтоҳ ин давлатҳо ба давлатҳои қашшоқу нодор мубаддал гардиданд ва зиндагии осудаи мардум аз миён рафт. Тамоми муваффақияту комёбиҳое, ки дар натиҷаи меҳнату заҳмати чандинсола ба даст омада буд, мардум онҳоро дар кӯтоҳтарин муҳлат аз даст доданд. Ҳамин аст оқибати ҳама ҷангу нооромиҳо, финали дилхоҳ муборизаи сиёсӣ.

Шояд суоле ба миён ояд, ки нооромиҳои сиёсии мамолики дигар ба кишвари азизи мо чӣ рабте дошта метавонанд ва чаро мо барои ин ҳаводиси нохуши ба сари дигарон омада ташвиш кашем? Маълум аст, ки ин гуна саволҳоро танҳо шахсони ниҳоят фориѓболу бепарво ва нодону ҷоҳил дода метавонанд. Тамоми ҷамъияти инсонӣ ва тамоми мамлакатҳои дунё бидуни ихтиёри мову шумо ба ҳамдигар вобаста ва тақдирпайванданд. Ба ҳамин хотир, дилхоҳ нооромие, ки дар дигар мамолик сар мезанад, ба ҳаёти дохилии кишвари мо низ бетаъсир намемонад ва то ягон андоза нооромии моро низ халалдор мекунад. Тавре ки Саъдии бузургвор таъкид кардааст:

 Бани одам чу узви як пайкаранд,

Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту к-аз меҳнати дигарон беѓамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

      Бо назардошти ҳамин ҷаҳонбинии ҳакимонаи ниёгони худ, мо низ барои дарду ғами мардуми сайёра ба ташвиш меафтем, бо ягон роҳ мехоҳем, ки дар барқарории сулҳу суботи ин манотиқ ҳиссагузор бошем ва ба ҳамин васила зиндагии орому осудаи худро низ таъмин намоем.

       Имрӯз, дар ҳақиқат, зиндагии мардуми мо рӯ ба беҳбудӣ дорад ва кишвари азизи мо на танҳо сол то сол, балки рӯз то рӯз ободтару зеботар ва аз ҷиҳати иқтисодӣ устувортар гашта истодааст. Дар зарфи каме зиёдтар аз ду даҳсолаи замони Истиқлолият Тоҷикистон аз як ҷумҳурии ҷангзада ва вайрону валангор ба як давлати рӯ ба инкишоф ва мунтазам рушдкунанда мубаддал шуд.  Ҷумҳурие, ки ҳангоми парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун фарзанди угай чизе аз мероси бениҳоят зиёди ин давлаи абарқудрат насибаш нагардид, тавонист, ки дар замони соҳибистиқлолии худ туфайли ақлу хирад ва устувориву матонати Сарвари хирадманди худ – Президенти кишвар, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи хушку холие аз нав бунёд шавад, рушд ёбад ва дар як муддати кӯтоҳ ба давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ки садҳо давлати дигари дунё онро эътироф ва ҷонибдорӣ мекунанд, табдил ёбад.

        Имрӯз мо-фарзандони ин ватани ободу биҳиштосо бояд бо ниҳояти шукргузориву арҷгузорӣ ба ин неъмати худовандӣ, яъне тинҷиву осудагӣ ва сулҳу ваҳдат, беш аз пеш дар таҳкими сулҳу амният саҳмгузор бошем, дар тарбияи насли ҷавони кишвари худ масъулияти хеле ҷиддиеро эҳсос намоем ва кӯшиш кунем, ки ҷавонони саодатманди кишвари мо ҳамеша оқилу ҳушёр бошанд ва ба иѓвои нокасону хоинони ватан науфтанд. Бо дарки ҳамин масъулият ва иҷрои ҳамин вазифаи ҷонии худ мо метавонем, ки дар барқарории сулҳу суботи Тоҷикистони азизи худ ва беҳрӯзгориву шодкомии пайвандони худ ҳиссагузор бошем.

  Аҳмадов Сафармад – н.и.ф., мудири кафедраи адабиёти тоҷики ДДҚ ба номи Носири Хусрав   

Руйхати довталабоне, ки барои ба даст овардани бурсияи Федератсияи Россия

аз вилояти _______ шаҳри ______ҳуҷҷат месупоранд:









Ному насаб





Ихтисос





Суроға, ҷои зист





Соли таваллуд

 





Муассисаи таълимӣ ва суроғаи муассиса

Зинаи таҳсилот





Вазъи оилавӣ

(падар ё модар надоштан)

Ҷинс

 



Ному насаби падар модар ва ҷои кор





Почтаи электронӣ





Телефон

1

2

3

4

5

6

7

8

9

10

11

12

1

Мирзоев Хасан Саидович

21.03.01 Нефтегазовое дело

Вилояти Сугд ш. Хучанд кучаи С. Шерози 3 ут. 3

12.08.1997

МТМУ№37

Бак

Кулан ятим

М

 

This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

92 *** ** **

918 ** ** **

93 *** ** **

2

Мирзоева Нодира Саидовна

31.05.01 Лечебное дело

Вилояти Сугд ш. Панчакент кучаи С. Шерози 23

10.10.1997

МТМУ№15

Мут

П М

З

Мирзоев Саид Мирзоевич

Муаллим

Тиллоева Мадина Шарипова

хонашин

This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

92 *** ** **

918 ** ** **

93 *** ** **

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 





 

 

 

  1. Нусхаи шиносномаи довталаб

  2. Нусхаи шиносномаи падару модар

  3. Нусхаи зачетка

  4. Нусхаи шаҳодатномаи тавалуд 

  5. Ду дона расми 3х4

  6. Russia-edu.ru

     

 

1. Ректор

Шодиев Маҳмад Султонович,

номзади илмҳои физика ва математика,дотсент,доктори илмхои педагоги,профессор.

 

2. Ноиби ректор оид ба таълим

Абдураҳимов Қудратулло Саидович,

профессор, доктори илмҳои педагогӣ.

 

3. Ноиби ректор оид ба илм

Абдулҳай Комилӣ,

профессор

 

4. Ноиби ректор оид ба тарбия

Раҷабов Холмурод Ашурович,

номзади илми педагогика, дотсент.

 

5. Ноиби ректор оид ба корҳои байналмилалӣ

Абдулҳай Комилӣ,

профессор

 

6. Ноиби ректор оид ба иқтисод

Турдиев Бобоҷон,

номзади илми физика-математика, дотсент.

 

2018 KTSU