Ба боло

foto1 foto2 foto3 foto4 foto5

Аз рӯзҳои нахустини таъсиси таълимгоҳ факултаи филология низ арзи вуҷуд намуд. Дар солҳои 1978-1993 факулта танҳо мутахассисони забон ва адабиёти русс тайёр мекард. Соли 1978 нахустдекани факулта Мирзораҳматов Салоҳиддин таъин шуда буд.  Мирзораҳимов С. то соли 1980 ба факулта роҳбарӣ кард.

Муфассал...

Шуъбаи химия моҳи августи соли 1994 дар назди факултаи тиб кушода шуд. Аз 1 сентябри соли 1995 баъди ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино интиқол гардидани шуъбаи тиб дар асоси шуъбаи химия факултаи химия таъсис ёфт.  

Декани факултет дотсент Ашуров Наим

Муфассал...

Факултаи физика – математика ҳамсоли донишгоҳ буда, соли 1978 бо номи Ҳозирааш арзи вуҷуд намуда буд. Аввалин бор декании факултаро саромӯзгор Ҳакимов Мусофир ба уҳда дошт. Айни замон роҳбарии факултаро номзади илмҳои омӯзгорӣ, дотсент Ойматова Ҳоҷармо Холмуродовна ба уҳда дорад.     

Муфассал...

Факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ ва фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли 2001 таъсис ёфтааст ва зодаи факултаи филология мебошад. Каблан факулта номи таъриху филологияро дошт. Бинобар ҳамин сабаб маъмурияти донишгоҳ зарур донистанд, ки  ихтисоси таъриху ҳуқуқшиносӣ ва филологияи тоҷик дар алоҳидагӣ амал намоянд. Бинобар ин бо фармони  Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли 2001 факултаи мустақили таърих ва ҳуқуқ таъсис ёфт.

Декани факултет н.и.п., дотсент Саидмуминов Аҳлиддин

Муфассал...

Соли 1990 дар факулаи физика ва математика ба шуъбаи 0306 (фанҳои умумитехникӣ) ва соли 1991 ба шуъбаи 2803 (ресандагӣ) донишҷӯён қабул карда шуданд.

Соли 1994 кафедраи фанҳои умуми-техникӣ (ҳозира кафедраи технологияи коркарди масолеҳҳо) арзи вуҷуд намуд.

Соли 2009 факултаи технология ва ташкили ҳаракати автомобилӣ ташкил карда шуд. Дар факулта ду кафедра фаъолият менамояд: кафедраи технологияи коркарди масолеҳҳо, мудираш дотсент Исломов С. ва кафедраи ташкили ҳаракати автомобилӣ ва идоракунии сохтмон, мудираш дотсент Муродов Ф.

Декани факултет дотсент Иззатуллоев Дости

Муфассал...

Факултаи менеҷмент аз 7 январи соли 2011 бо фармони ректори донишгоҳ таҳти № 55 – ФА  ташкил шудааст. Факулта аз таркиби факултаи иқтисодӣ, ки бо фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 1998 таҳти №25 ҳамчун факултаи иқтисодӣ арзи ҳастӣ намудааст, ҷудо гардидааст.

Факулта дорои 11 синфхона, 1 озмоишгоҳи компютерӣ, 1 кафедра, 4 кошонаи корӣ мебошад. Айни замон дар факулта 500 нафар донишҷӯён аз рӯи 9 ихтисос:

Декани факултет дотсент Гулов Қодир

Муфассал...

Факултаи информатика 25 сентябри соли 2009 бо фармони ректорати донишгоҳ таҳти №44-ФА ташкил дода шудааст. Он аз таркиби факултаи математика, ки ҳамсоли донишгоҳ буда, яке аз аввалин факултаҳои донишгоҳ маҳсуб мегардад ва соли 1978 ҳамчун факултаи физикаву математика арзи ҳастӣ намудааст, ҷудо гардидааст.

Факулта дорои 13 синфхона, 2 озмоишгоҳи компютерӣ, 3 кафедра, 4 кошонаи корӣ мебошад. Айни замон дар факулта 864 нафар донишҷӯён аз рӯи 4 ихтисос:

Декани факулта дотсент Абдурахимов А.О.

Муфассал...

Факултаи забонҳои хориҷӣ тибқи қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа № 5 аз 28. 01. 1998, қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 317 ва иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 1/84 аз 11. 07. 1998 дар асоси факултаи филология ҳамчун факултаи мустақил таъсис ёфт. То ин вақт дар назди факултаи филология аз соли 1993 сар карда, шуъбаи забонҳои хориҷӣ бо ихтисосҳои забони англисӣ, забони олмонӣ, забон ва адабиёти рус амал менамуд. Баъди истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон равобити иқтисодию фарҳангӣ низ густариш ёфта, зарурати кушодани марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бавижа забонҳои англисию русӣ ба миён омад. Аз ин рӯ, таъсиси шуъбаи забонҳои хориҷӣ дар заминаи факултаи филологияи тоҷик ин амри тасодуфӣ набуда, балки зарурати воқеӣ дошт.

Декани факултет н.и.п. Абдуллоева С.

Муфассал...

Факултаи иқтисодӣ  бо фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 1998 таҳти № 25 таъсис дода шудааст.

Факултаи иқтисодӣ фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Вазорати маориф ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мориф ба роҳ монда дар самти таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониши муассилин ва ислоҳоту рушди соҳаи маориф ва дастовардҳои  муайян  ноил гардид ва мегардад.

Декани факултет дотсент Норов Ф.

Муфассал...

2018 KTSU