Ба боло

foto1 foto2 foto3 foto4 foto5

Таъсиси шӯъбаи Донишкадаи омӯзгории Душанбе дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри зебою олишони Қӯрғонтеппа инқилоби фарҳангие маҳсуб мегардад, ки амвоҷи пурпечухами он чун мавҷҳои дарёи Вахш хурӯшон буд ва қалби хар як ҷавони пӯяндаву ҷӯяндаи илмро дар ин водӣ ба туғён меовард. Агарчи дар солҳои тантанаи идеяҳои ленинӣ тайи сиёсати рӯз водии Вахшро танҳо барои кишоварзӣ ва парвариши маҳсулоти ин соҳа махсус гардонида буданд, вале Худо гувоҳ аст, ки нури маърифат дар масири таърих ҳамеша фурӯзон ва шароби маърифат чун амвоҷи Ҷӯйи Хонум дар ин водӣ хурӯшон буд. Дар қалби Вахшонзамин кушодани донишгоҳро  касе ташаббускорӣ накардааст, балки он бо тақозои замон арзи ҳастӣ намуд. Агар, аз як тараф, эҳтиёҷоти мардуми водӣ ба мутахассисон бошад, аз тарафи дигар, дар маркази вилояти калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон – вилояти Хатлон набудани таълимгоҳи олӣ барои мақомоти кишвар норасоии ҷиддӣ буд, ки оянда инро худи онҳо ҳам эҳсос накарда наметавонистанд. Аз ин рӯ, тибқи пешниҳодоти Ҳукумати собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, дастгирии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе кушодани шӯъбаи (филиали) қӯрғонтепагии он пеш омад. Шӯрои олимони Донишкадаи омӯзгории Душанбе қарори худро оид ба таъсиси шӯъба эълон намуд. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон директори шӯъбаро таъин кард. Ба ин вазифа олими намоёни соҳаи омӯзгорӣ, номзади илми педагогика, дотсент (шодравон) Муҳаббат Қосимов пешбарӣ гардид. Ба директори ҷавон лозим омад, ки корҳои зиёдеро ба сомон расонад. Аз ҷумла, таъмини шӯъбаи донишкада бо биноҳои таълимӣ, васоити техникӣ ва бо устодон аз вазифаҳои аввалиндараҷа буд. Ҳамин тавр, баъди давуғеҷи зиёд тибқи пешниҳод ва қарордод бинои мактаб- интернати шаҳри Қӯрғонтеппа ба ихтиёри шӯъба дода шуд. Пас аз ташкили имтиҳоноти қабул ба директор муяссар гардид, ки шӯъба нимаи дуюми соли 1978 ба фаъолият оғоз намояд.

Шӯъбаи қӯрғонтеппагии донишкада дар ибтидо аз факултаҳои зерин иборат буд:
1.Факултаи омӯзгорӣ
2. Факултаи физикаву математика
3. Факултаи забон ва адабиёти рус,

Шӯъба соли аввал ҳамагӣ 375 нафар донишҷӯро ба оғӯши худ гирифт, ки ба онҳо 30 нафар устодон, аз ҷумла 7 нафар номзадҳои илм, дотсентон дарс мегуфтанд.
Аввалин бор дар шӯъба 5 кафедра таъсис ёфта буд:
(1) кафедраи физикаву математика
(2) кафедраи усули таълими ибтидоӣ
(3) кафедраи забон ва адабиёти рус
(4) кафедраи таърихи КПСС
(5) кафедраи варзиш

Соли 1991 шӯъба ба донишкадаи мустақил табдил дод шуд. Акнун марҳилаи басо муҳим дар назди таълимгоҳи навбунёд меистoд. Ин ҳам бошад, кушодани бахшу факултаҳои нав, васеъ намудани биноҳои таълимӣ, мустаҳкам намудани пойдевори моддии илмию техникӣ буд.

Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама сохторҳо навгониҳои азимеро ба вуҷуд овард. Аз ҷумла сохтори маориф ба тағайюроти бузург дучор шуд. Донишкадаҳо ба донишгоҳҳо табдил ёфтанд. Мушкилоти дигаре барои таълимгоҳ пеш омад. Парвариши мутахассисони варзидаи ба нишондоди меъёрҳои умумибашарӣ мувофиқ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан вилояти Хатлон зарур буд. Натоиҷи аввалин падида ин буд, ки донишкада ба донишгоҳ табдил дода шуд ва номи шоир ва мутафаккири беҳамто Носири Хусравро гирифтан.

Гимназияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 343 аз 14.06.2000 бо дарназардошти қарори Идораи давлатии аттестатсионии Вазорати маорифи ҷумурии Тоҷикистон № 29 аз 12.06.2000 таъсис ёфтааст. Мақсади асосии ташкили гимназия дар назди донишгоҳ аз хурдӣ ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони соҳибистеъдод ва аз ин ҳисоб хоста гирифтани донишҷӯёни дорои дараҷаи донишу ҷаҳонбинии васеъ, хушахлоқу боинтизом мебошад. Ҳамчунин таъсиси гимназия ба олимони соҳаҳои педагогика ва усули таълим имконият медиҳад, ки дар ин ҷо озмоишҳо гузаронанд ва натиҷаҳои ҳосилшударо дар тадқиқотҳояшон корбаст намоянд.

Коллеҷи омӯзгорӣ яке аз беҳтарин марказҳои маърифатӣ дар Вахшонзамин маҳсуб мегардад. Коллеҷи омӯзгорӣ то соли 1999 бо номи омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ амал менамуд.

Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ мувофиқи қарори Шӯрои Комиссариати Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 26 ноябри соли 1932 таъсис ёфтааст. Он дар аввал танҳо як шӯъба–шӯъбаи махсуси муаллимтайёркунӣ дошт. Соли 1936 нахустин бор донишҷӯён омӯзишгоҳро хатм карданд, ки теъдоди онҳо 115 нафар буда, ба мактабҳои навташкили вилоятамон ба кор фиристода шуданд. Соли 1957 омӯзишгоҳ ба омӯзишгоҳи махсуси  техникии рақами 13-и ноҳияи Бохтар, ки ҳоло он ҷо қисми ҳарбии ба номи Файзалӣ Саидов ҷойгир шудааст, интиқол дода мешавад. Дар ин омӯзишгоҳ мактаби механизаторон созмон меёбад. Танҳо соли 1963 омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ аз нав дар ҷойи пештарааш барқарор карда мешавад.

2018 KTSU