Ба боло

foto1 foto2 foto3 foto4 foto5

Шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав яке аз сохтори асосӣ маҳсуб ёфта, мутобиқи нақшаи корӣ фаъолият менамояд.

Нақшаи корҳои тарбиявии донишгоҳ дар асоси «Консепсияи миллии тарбиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳия гардида, бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ карда шудааст. Фаъолияти тарбиявӣ дар донишгоҳ таҳти роҳбарии ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявӣ номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Каримова Хуҷабӣ амалӣ мегардад.  

Нақшаи корҳои тарбиявӣ унсурҳои таркибии миллӣ, аз қабили тарбияи ғоявию сиёсӣ, тарбияи меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ, тарбияи иқтисодӣ ва экологӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва ташкили ҳаёти солим, тарбияи таҳаммул ва тоқатпазириро дар бар мегирад. Дар асоси нақшаи мазкур 10 факултаи донишгоҳ нақшаи тарбиявии солона тартиб дода, бо тасдиқи ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявӣ тибқи он амал мекунанд.

Самтҳои гуногуни фаъолияти тарбиявии донишгоҳро шуъба ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба сомон мерасонанд. Дар донишгоҳ Шӯрои кураторон амал мекунад, ки роҳбарии онро Шомалангов Саидқул ба уҳда дорад. Шӯро мутобиқи нақшаи кори кураторон ва нақшаи кори ҷаласаҳо фаъолият мекунад. Ҷаласаи Шӯрои кураторони донишгоҳ моҳе як маротиба гузаронида мешавад. Тибқи нақшаи таълимӣ дар ҳар нимсола барои гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ 28 соат муқаррар гардидааст, ки ин ба ҳар ҳафтаи таълимӣ як маротиба мувофиқ меояд. Дар факултаҳои донишгоҳ бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 30.08.2010 таҳти № 2 дарсҳои тарбиявӣ дар ҷуфтҳои сеюми рӯзҳои чоршанбе гузаронида мешаванд.


Қайд кардан лозим аст, ки фаъолияти шӯрои бонувони донишгоҳ дар раванди таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони оянда назаррас мебошад. Роҳбарии Шӯрои бонувони донишгоҳро номзади илмҳои педагогӣ Қурбонова М. ба уҳда дорад. Шӯро фаъолияти худро дар асоси қарори Кумитаи занони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3. 12. 2012 таҳти № 5 оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ба роҳ мондааст. Саҳми Шӯрои бонувон дар гузаронидани чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ ва таъмин намудани иштироки донишҷӯ- духтарон дар чорабиниҳои умумидонишгоҳӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ назаррас аст. Бо ташаббуси Шӯрои бонувон дар донишгоҳ ва дар хобгоҳи донишгоҳ мунтазам чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ газаронида мешавад.

Ҷузъи дигари сохтори корҳои тарбиявии донишгоҳ, ки дар тарбияи ҷавонони донишгоҳ (ассистентон, омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯён) саҳми босазо дорад, созмони ҷавонон мебошад. Раиси созмони ҷавонони донишгоҳ омӯзгори ҷавон Ҳалимов Раҳматулло мебошад. Нақшаи созмони ҷавонони донишгоҳ, ки аз рӯи он кор бурда мешавад, дар асоси Консепсияи миллии тарбия бо назардошти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи рушди сиҳатии ҷавонон бо назардошти такмили хадамоти иҷтимоии хайрхоҳона барои ҷавонон дар солҳои 2006-2015» ва «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013-2015» таҳия карда шудааст.

Дар донишгоҳ зери роҳбарии Бобоев Сафар дастаи ҳаваскорон амал мекунад, ки бо баромадҳои дилошӯби худ ҳар як чорабинии донишгоҳро ҳусни тоза мебахшад. Гуруҳи овозадори «Леваканд»-и донишгоҳ бошад, дар ҳудуди вилоят ва ҷумҳурӣ мухлисони зиёди худро дорад. Соли 2013 дар озмуни телевизионии «Маҳфили Зарифон» ки байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ баргузор гардид, дастаи «Леваканд» бо муваффақият баромад карда, сазовори ҷои дуюм гашгт.

Дар соли хониши 2013-2014 370 нафар донишҷӯ дар  хобгоҳ зиндагӣ мекунанд. Аз ин миқдор 115 нафарашонро духтарон, 255 нафарашонро писарон, 3 нафарашонро донишҷӯёни ятим ва 6 нафарашонро донишҷӯёни маъюб ташкил медиҳад. Дар хобгоҳ Шӯрои донишҷӯёни хобгоҳ, ки 24 сентябри соли 2013 дар машварати хобгоҳ бо иштироки ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявӣ тасдиқ карда шуда буд, амал мекунад. Дар хобгоҳ барои донишҷуён ҳамаи шароитҳо муҳайё мебошад. Донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда дар вақтҳои холигӣ ҷамъомаду шабнишиниҳои худро дар хонаи истироҳатӣ, ки махсус барои писарон дар ошёнаи якум ва барои духтарон дар ошёнаи чорум кушода шудааст, мегузаронанд. Аз ҳолу аҳволи донишҷӯёни хобгоҳ созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ, кураторони гуруҳ ва роҳбарони факултаҳо мунтазам хабар гирифта меистанд.

2018 KTSU